Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Таассуфи WADA аз қарори КБО, ки варзишгарони Русия ба бозиҳои Олимпӣ роҳ дод

Таассуфи WADA аз қарори КБО, ки варзишгарони Русия ба бозиҳои Олимпӣ роҳ дод

26-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Таассуфи WADA аз қарори КБО, ки варзишгарони Русия ба бозиҳои Олимпӣ роҳ дод
Оҷонсии байналхалқии зиддидопингӣ (WADA) аз қарори Кумитаи байналхалқии Олимпӣ (КБО), ки тавсияҳоро ба инобат нагирифта ва тими Русияро аз ширкат дар бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро маҳрум накард, мутаассиф шудааст.

Тавре роҳбари оҷонсӣ Крейг Риди мегӯяд, гузорише, ки Ричард Макларен барои WADA омода карда буд, мавҷуд будани барномаи допингӣ дар Русия зери назари мақомотро собит месохт. Оҷонсӣ ба КБО тавсия дода буд, ки тими Русияро аз бозиҳои Олимпӣ маҳрум созад. Аммо КБО қарори мусолиҳатомез қабул кардааст.

Акнун тақдири варзишгарони Русияро федератсияҳои байналхалқии навъҳои алоҳидаи варзиш ҳал мекунад. Ин навъи бархурд, мегӯяд WADA, ба мушкилоти мавҷуд набудани ҳамоҳангӣ ва ҳифзи ноустувори "варзишгарони холис" мерасонад, хабар медиҳад Рейтер.

Бозиҳои Олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5 то 21 август доир мешавад. Чанд варзишгари рус аллакай иҷозаи шират дар бозиҳоро пайдо кардааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: