Конфронси Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон23-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
![]() Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси нохия Зиёдулло Турдиев дар бораи фаъолияти Шӯрои ноҳиявии ҳаракати вахдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 маърӯза кард. Муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова бошад, оиди рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19-солагии Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки бахши ноҳиявии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эхёи Точикистон сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мӯхтарам Эмомали Раҳмонро собитқадамона амалӣ гардонда, чорабиниҳои зиёди оммавӣ-сиёсиро баҳри ҳифзи музаффариятҳои Истиклолият, таъмини оромию осоиштагӣ ва сулҳу Ваҳдати пойдор, ки асоси пешравиҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, гузаронда меояд. Маҳз самараи сулҳу Ваҳдат аст, ки тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар вусъат ёфта, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боло меравад, сатҳи зиндагонии мардум беҳтар мешавад. Сокинони ноҳия зимни мулоқоту вохӯриҳо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро оид ба дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бо шукргузорӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Мисоли равшани инро дар дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва тадбирҳои ободонию бунёдкории ноҳияи Деваштич ҳар сари қадам дучор шудан мумкин аст. ![]() Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода ва муовини аввали раиси Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят Абдуҷалил Бобокалонов оиди вазифаҳои минбаъдаи аъзоёни Шӯрои ноҳияви бобати ташкили корҳои оммави-сиёсӣ ва тарғиботи-ташвиқотӣ дар байни омма маслихату дастурхои судбахш доданд. ![]() |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.







[/banner_right-3]


