Натиҷагирӣ аз фаъолият22-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт баргузор гардид, ки дар он аъзои Кумитаи иҷроия ва Раёсати он, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, фаъолони ҳизб ширкат варзиданд. Инчунин дар кори ҷаласа муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов ширкат варзид.
Дар оғоз раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Қаробоева Сабоат оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар нимсолаи аввали соли 2016 гузориш дода, оид ба фаъолияти Кумиҷроия, ташкилотҳои ибтидоии он дар ин давра ахборот пешниҳод намуд ва дар бобати пешравиҳои бадастомада, ислоҳи саривақтии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта сухан намуд. Баъдан аъзоёни ҳизб Мирзоматова Элмира, Ҳомидҷонов Ҷонибек, Назиров Зоирҷон ба сухан баромада, ба фаъолияти Кумиҷроияи ноҳиявӣ дар нимсолаи якуми соли 2016 баҳои қаноатбахш дода, баҳри тақвият бахшидани корбарии ҳизбӣ фикрҳои ҷолиб иброз намуданд. Сониян, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов дар бобати фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар нимсолаи якуми соли 2016 ибрози ақида намуда, баробари қайд намудани пешравиҳо оид ба камбудиву норасоиҳои мавҷуда, аз қабили фаъолияти сусти комиссияҳои доимии назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, комиссияи тафтишотӣ, маркази таблиғот ва иттилоот, шӯъбаи кор бо ҷавононро махсус зикр намуд. Инчунин ҷиҳати сари вақт ва бо сифат ба анҷом расонидани сохтмони бинои ҲХДТ дар ноҳия миннатдории КИВ ҲХДТ ба ҳизбиёни ноҳия расонида шуд. Раиси ноҳия Азимбой Азизӣ ҳангоми суханронӣ ҷиҳати фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баҳои сазовор дод. Дар интиҳо ба фаъолони ҳизб Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ба аъзоёни навқабулгардида дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.