Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷойгоҳи унсурҳои динӣ дар фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон

Ҷойгоҳи унсурҳои динӣ дар фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон

23-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 745 нафар
Назарҳо: 0
Ҷойгоҳи унсурҳои динӣ дар фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон(Аз баромади раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дин ва ҷомеа: низоҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом»)

1. Хизмати аҷдоди роҳкушои тоҷикон дар пайдоишу рушди дини ростин

Аз ривояту осори таърихӣ маълум аст, ки Худованд баъди офариниши инсон ба вай пеш аз ҳама манзилу макон додааст. Инсон бошад аз ҳамин рӯзи аввал дар ҷустуҷӯи маънавиёту ахлоқ қарор дорад. Пайдоиши дин ҳам аз нахустин лаҳзаи нокомиҳои инсон дар роҳи зиндагӣ оғоз мегардад. Яъне аз лаҳзае, ки одам дар назди қудрати табиат ба ҳайрат меояд, ночора мегардад ва барои ёрӣ ба Офаридгор рӯй меоварад. Ҳамин тавр динҳои илоҳӣ ҳам маънавиёту ахлоқи инсонро борвар месозанд ва ҳам ба ташаккулу рушди зиндагии ӯ мусоидат менамоянд. Имрӯз ҳам аксарияти аҳли башар дар садҳо дину оинҳои гуногун ба тоату ибодат машғуланд: яке ба Парвардигори ягона, дигаре ба буте, сеюмин ба чаранда ва ё хазандае… Ва ҳамагон медонанд, ки роҳи ягонаи наздикӣ бо Эзиди пок-ин накӯкориву баланд бардоштани сатҳи маънавиёту ахлоқ мебошаду халос, агарчӣ ибодат мустақиман бо Худо бошад ва ё тавассути буте ё гову нахчиру филу калламуше…

Ниёгони мо дар таърихи башарият шояд яке аз аввалинҳо шуда, ҳанӯз 1300 сол пеш аз зуҳури Ислом, дар шакли дини зардуштиву китоби динии худ «Авасто», рӯ ба яккахудоӣ оварда буданд. Аҷдоди олигуҳару ориётабори тоҷикон буданд, ки нахустин шуда ба ҳама гуна мавҷудоти зиндаву беҷони заминиву осмонӣ, ки аз ҷониби Холиқи ягона офарида шудаанд, саҷдаву ибодат карданро ба одамон манъ мекарданд. Гузаштагони мо бо он меҳру муҳаббате, ки ба Худои худ Аҳурамаздо зоҳир мекарданд, ӯро беайбу нексиришт ҳисобида, ҳамаи зиштиҳои ҳаётро аз ҷониби худои бадӣ Аҳриман мепиндоштанд. Агар дар ин амали аҷдодонамон аз як тараф ҳамин эҳсоси баланду садоқати беназир ба Худованди пок асос дошта бошад, аз ҷониби дигар шояд ҳамчун ягона иштибоҳи онҳо, ҷиҳати мавҷудияти Худованди яккаву ягона, ки дар дини мубини Ислом қабул гардидааст, эътироф гардад.

Аҷдодони бохтариву суғдии мо худро боифтихор ҳамчун «ориёӣ-соҳибкитоб, порсо» муаррифӣ карда, покизагии ҷисму руҳи инсонро тибқи шиори «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» талқин менамуданд. Дар ҳақиқат сарзамини аҷдодии мо Бохтару Суғд бо хоки зарофару обҳои муссафояш, ки дар садҳо рудҳои хурду бузург, аз ҷумлаи Сирдарёву Зарафшон, Вахшу Кофарниҳону Панҷ равонанд, боду ҳавои фораму ҳаётбахшаш макони ориётаборони ҷисман ва руҳан пурқуввату олиҳиммат ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки дар китоби «Аз Ориён то Сомониён»-и Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шудааст, дар ин бора хирадманди бузурги эронӣ, донандаи бузурги таъриху тамаддуни мардуми ориёнажод Саид Нафисӣ дар рисолаи худ «Сарзамини муқаддаси аҷдодии мо» гуфтааст, ки: «Мардуми ориётабор дар замини биҳиштосои соҳилҳои Ҷайҳуну Сайҳун (яъне Вахшу Панҷу Кофарниҳону Зарафшону Сирдарё) зиндагӣ мекардаанд. Мо-эрониҳо аз ҳамин сарзамин омадаем ва Эрони имрӯза ба василаи Ватани дуюми мост». Дар тақвияти ин гуфтаҳои Саид Нафисӣ алломаи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар асари безаволи худ «Тоҷикон» менависад, ки зиёда аз се ҳазор сол пеш як зумра аз мардуми соҳибфазлу соҳибкитобу далеру шуҷоатманди Бохтару Суғд, ки дорои забону хату дини худ буданд, эҳтимолан барои дарёфти роҳҳои баҳрӣ ба сарзамини имрӯзаи Эрон, то ба соҳилҳои Халиҷи Форс мерасанд. Дар он замонҳо дар он макон қабилаҳое бо номи «касситҳо, алломиҳо ва лубубҳо» зиндагӣ мекарданд, ки бо гузашти вақт забону урфу одат ва дини бохтариёну суғдиёнро қабул карданд ва худро ориёӣ-ориёнӣ номиданд, ки аз ҳамин вожа баъдтар калимаи «эронӣ» ба вуҷуд омадааст. Умуман аҷдоди ориёнажоди гузаштаи мо-тоҷикон ҳанӯз пеш аз даврони исломӣ ба оламиён фарҳанги давлатдориву сиёсат, кишоварзиву меъморӣ, илму ҳунар ва дину оини нави замони худро пешниҳод карда буданд. Чуноне, ки болотар зикр кардем, бо сабаби он, ки дар дину оини зардуштии худ ниёгони мо иштибоҳан дар радифи Худои ягонаи некӣ-Аҳурамаздо боз Худои бадӣ-Аҳриманро низ тасаввур мекарданд, шояд хатои ягонаи ин дин бошад. Вале ин иштибоҳро бузургони миллат, аз ҷумла ҳазрати Салмони Порсо, ки имрӯз бисёртар бо шакли Салмони форсӣ ёд мешавад, эҳсос намуда, аз рӯзҳои аввали зуҳури дини Ислом яке аз тарғибгарони асосии фарҳангии ин дин буданд. Аз рӯи баъзе сарчашмаҳо бисёре аз равандҳо ва шаклгириҳои дини Ислом ба монанди таҳорати комилу панҷ вақт намоз гузоштану рӯза доштан аз оини зардуштӣ қабул шудаанд. Ривояте мавҷуд мебошад, ки саҳобаҳои Паёмбари акрам (с) аз донишу сурату сирати неки ҳазрати Салмон ба ҳайрат омада, аз вай мепурсанд, ки аз кадом қавму миллат аст. Дар ҷавоб ҳазрати Салмон мегӯяд, ки ӯ аз қавми порсоён, ориёиён мебошад. Азбаски дар алифбои арабҳо ҳарфи «п» мавҷуд нест, бинобар ин онҳо ҳазрати Салмонро ҳамчун Салмони Порсо неву Салмони Форсо муаррифӣ мекарданд. Маълум аст, ки дар хати арабӣ «Форсӣ» навишта шавад ҳам валекин «Форсо» бояд хонда шавад, монанди номи ҳазрати Исо ва ё ҳазрати Мӯсо, ки дар хати арабӣ мутаносибан «Исӣ» ва «Мӯсӣ» навишта мешаванд.

Ба ҳар ҳол боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки дар миёни халқу қавмҳои бешумори олам аҷдоди хирадманди мо аввалин шуда ба раванди таълиму тарбияи динии инсонҳо ҷасурона таҳавуллоти фарҳангӣ ворид сохта, барои нигоҳ доштани аҳли башар аз ибодату саҷда кардан ба ҳамаи мавҷудоту маҳлуқоти замину осмонҳо, ки офаридгорашон Худованди воҳид мебошад, ҷаҳду талош варзидаанд.

Ҳамин тавр 1200 сол пештар тоҷикон дини мубини Исломро қабул карданд ва ҳамчун халқи бофарҳангу бономус дар рушду нумӯи ин дин саҳмгузори асосӣ буданд. Барои он саҳмгузори асосӣ гуфта таъкид мекунам ки танҳо се тан аз ниёгони олитабори тоҷик: Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам, Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ он қадар амалҳои фитрӣ ва фарҳангие оиди ин мавзӯъ аз худ ёдгор мондаанд, ки тамоми олимону тарғибгарони миллатҳои дигар дар якҷоягӣ ба он комёб нагаштаанд.

Ва шояд аз ҳамин хотир буд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) Имоми Аъзами моро «Чароғи уммат» номида, дар яке аз ҳадисҳои худ фармуда буданд, ки дар оянда рушду нумӯи Ислом аз порсоён (ориёнажодон, тоҷикон) вобаста аст ва маънии ин ҳадиси муборакро чуноне, ки дар боло гуфтем, аҷдодони хирадманди тоҷики мо Имоми Аъзам (р), Абдуллоҳи Бухорӣ (р) ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ (р) амалӣ ва исбот намудаанд.

Шояд аз ҳамин хотир бошад, ки дар «Таърихи Бухоро» ду шаҳри бостонии тоҷикон шаҳрҳои биҳиштӣ номбар шудаанд. Ва билохира шояд аз ҳамин хотир аст, ки мутафаккири барҷастаи араб ибни Халдун дар «Муқаддима» ном асари таърихиаш овардааст, ки «Ҷамеи мутахассисони сарфу навҳи арабӣ порсиён (тоҷикон ) буданд».

Дар ин радиф албатта номи садҳо фарзандони фарзонаву хирадманди тоҷикро ва аз ҷумлаи онҳо Абӯабдуллоҳ Рӯдакиву Абӯалӣ Сино, Ҳаким Фирдавсиву Муҳаммад Ғаззолӣ, Шайх Саъдиву Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Насириддин Тӯсиву Умари Хайём, Ҳаким Саноиву Мавлонои Балхӣ, Камоли Хуҷандиву Абдураҳмони Ҷомиро метавон номбар кард, ки дар рушду нумӯи тамаддуни инсонӣ ва хусусан ҷиҳати ҷомаи фарҳангӣ пӯшонидани дини Ислом хидмати беназире кардаанд.

Оиди ин мавзӯъ шоири маҳбуб, шодравон Лоиқ Шералӣ хеле хуб гуфтаанд:
Манам Эрон, ки Ишқ эълом кардам,
Ҷаҳонеро сафо инъом кардам.
Худову анбиё аз ман бинозанд,
Ки ман Исломро Ислом кардам.


Вале, мутаасифона, дар маҷмӯъ ниёгони хирадманди мо бо ҳама баландии парвози ақли инсониашон, аз сабаби давлати соҳибистиқлоли миллӣ надоштанашон, агарчанде, ки ба тарғиб, ташвиқ ва ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ машғул буданду ба осиёби илму дини ҷаҳонӣ, маърифати ҷаҳонӣ ва инкишофи таърихи умум оби фаровон мерехтанд, имконияти ҳифзи манфиатҳои миллату давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро аз мадди назар дур монда буданд. Агарчанде забон, муоширати илмӣ ва баъзе аз таъкидоти ватанпарастонаи онҳо забону халқияти маҳрум аз давлатро аз нестӣ то ҳадде нигоҳ дошт, вале ин амал бо чунин равшанфикрони оламшумул, ки бедавлатону чодарнишинонро давлатдорӣ омӯхта, саҳронишинонро савод дода, тамаддуни исломиро аз бӯҳрони вазнини сиёсӣ ва динӣ раҳоӣ бахшидаанд, дар муносибат бо маҳдудаи сиёсии давлатӣ халқӣ ва баъдан миллӣ хеле ночиз буд.

2. Саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди худшиносии миллӣ ва рушди Ислом дар ҷомеа.
Баъди садсолаҳо, дар идомаи ҳамин шоҳкориҳову хирадмандиҳои аҷдодони худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Сарвари миллат ҳастанд, ки дарсҳои нахустини худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарстиро дар суханрониву китобҳои арзишманди худ, аз ҷумла: «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Дин ва ҷомеа», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», ба ҳамватанону оламиён пешниҳод кардаанд. Ба хотири сарҷамъиву ваҳдати миллат аввалин шиорҳои пур аз меҳр ба Ватан-Тоҷикистони азиз аз забони Сарвари миллат садо додаанд ки: «Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон мебошад!» ва ё «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо!» аз ҷумлаи онҳост.

Ҷаҳду талошҳои Президенти Тоҷикистон буданд, ки миллати тоҷик баъди ҳазорсолаҳо ба таъриху фарҳанги милливу динии худ рӯ овард ва дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ташкилу гузаронидани ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ, бузургдошти ниёгони хирадманди халқи тоҷик-поягузорони фарҳангу фиқҳи исломӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Имоми Аъзам, дар сатҳи олии байналмилалӣ баргузор шудани Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Конфронси Исломӣ амалӣ шуданд. Сарвари давлати тоҷикон аввалин шуда миёни сиёсатмадорони дунё аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид дини мубораки Исломро бо эҳтироми беандоза ва бо далериву шуҷоатмандӣ ҳифз намуда, Ислом ва терроризмро ҳамчун мафҳумҳои ба ҳамдигар мухолиф эълон дошт.

Бо ин амалҳои неки худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оламиёнро ба рисолати аслии тамаддунофари миллати тоҷик, аз ҷумла фарҳанги динии вай, боз ҳам наздиктар ошно сохт ва дар натиҷа пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун «Маркази фарҳанги исломии ҷаҳон» муаррифӣ гардид.

Хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистон амнияту осудагӣ таъмин ва яке аз сарчашмаҳои асосиаш, аз диди ман, дар он аст, ки Президенти мамлакат, ҳамчун аввалин роҳбари сиёсии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дар дохили хонаи Худо-Каъбаи мукаррама, дар намозгоҳи Паёмбари Худо ва мақоми Иброҳими Халилуллоҳ ибодати Парвардигорро ба ҷо оварда, аз Худованд амнияту осудагии халқу давлати Тоҷикистонро илтиҷо кардааст. Тибқи ояти 97, сураи Оли Имрони Қуръони карим бошад: «Ҳар касе, ки дар дохили Хонаи Худо, мақоми Иброҳим ва намозгоҳи Паёмбари Худо ворид шуда бошад дар амни Худо аст». Ин худ як дарси ҳушдорӣ ва ҳикматест барои бадхоҳону хоинони давлату миллат, ки моҳи сентябри соли 2015 барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз Худову расули вай ва китоби муқаддаси Қуръон ҳам нодидагирӣ намуда буданд. Гуйё барои ин гуна одамон сухани Худованд, ки дар ояи 59, сураи Нисо омадааст: «Эй муъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайғомбару фармонравоёнро аз ҷинси худ фамонбардорӣ кунед!», вуҷуд надорад.

Боиси ифтихор аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббускориҳои наҷиб, ибрати шахсӣ ва иродаи нерӯманди худ, ҷиҳати таъмини амнияту осоиштагиву рушду нумӯи Ватани азизамон, ҳамчун Пешвои миллат, халқро ба созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намуда, дар олами башарӣ ҳамчун Пешвои асри ХХ1 эътироф ва дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудааст.

3. Ҷойгоҳи унсурҳои динӣ дар фарҳанг ва ҳувияти миллӣ
Маънову мазмуни ҳадиси Расули акрам(с) «Муҳаббат ба Ватан аз гӯшаи имон аст», ки мақбули хоссу оми миллати тоҷик гардидааст, тайи ҳазорсолаҳои таърихи пурфоҷеаи ин миллат дар дилу ёди вай ҷой доштанд. Шояд кифоя бошад, агар аз даъватҳои саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватану миллат, барои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи он, ки дар «Шоҳномаи»-и безаволи Фирдавсӣ зикр ёфтаанд, ёдовар шавем.

Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳама фитрати олӣ, бо «Хираднома»-ву осори дигари оламшумулаш худро дар «гуруҳи фаромӯшон» меҳисобад ва мегӯяд:

Ман, ки дар зиндагӣ аз хайли фаромӯшонам,
Чун бимирам кӣ кунад ёд аз он анҷуманам.


Шояд Ҷомии бузург дар дил як ормон дошт, ки дар сарзамини аҷдодиаш Давлати соҳибистиқлоли миллиро бо сарварии мардони боору номуси тоҷик бубинад... Дар ин бора ин мутафаккири бузург худ гуфта будааст:

Фироқи бекасӣ яксӯ бувад, доғи Ватан яксӯ…
Воқеияти имрӯзаи бебаҳси ҳифзи дастовардҳои давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳушдор месозад, ки ба миллати тоҷик, ки дар сарзамини аҷдодиаш чандин садсолаҳо аҷнабиён ҳукмронӣ мекарданд, дигар мафҳуми «ҳеҷ вақт ба сари миллати дигар теғ накашидаем»-ро бору талқин накунем. Ҳанӯз хирадманди тавонои порсотабор Амир Хусрави Деҳлавӣ ба ифтихори аҷдоди паҳлавону ҷаҳонкушои тоҷикон гуфта буданд: «Тоҷики лашкаркаши гарданшикан…».

Ҳамин тавр дӯст доштани Ватан ифтихор, вале омода будан ба ҳифзи марзу буми он аз душманони дохиливу берунӣ қарзи имонӣ ва шарафи инсонӣ мебошанд. Ва барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ андешаи истиқлол бояд тоҷи шарафи ӯ бошад, чунки андешаи истиқлол андешаи ҳақ ва ҳақпарварист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханрониҳои худ аз гуфтаи яке аз саҳобагони паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад(с) ёдовар шуданд, ки: «Талаби илм ибодат аст, такрори илм тасбеҳ аст, омӯзонидани илм барои касе, ки намедонад, садақа аст, худро ба илм бахшидан ин қаробат ба Худованд аст. Роҳи омӯзиши илм роҳи ҷаннат аст…». Дар маҷмӯъ ҳадиси машҳури Паёмбари Худо дар бораи он, ки: «Агар ИЛМ дар Сурайё бошад ҳам порсоён ва авлоди онҳо ба вай мерасанд» ва билохира сухани Худованд аз Қуръони маҷид, сураи Таҳрим, ояти 12: «Худо аз рӯи илм ҳар чизро фаро гирифтааст» бо пуррагӣ ба талаботи фарҳангиву ҳувияти миллии тоҷикон ҳамрадифанд.

Воқеан, ниёгони мо аз қадимулайём фарзандони худро ба фазову чаҳорчӯбаи илму адаб фаро мегирифтанд, то рӯҳи онҳо тарбият ёбад ва билохира тамаддунсоз гардад. Шояд ҳамин буд, ки агар миллатҳои Юнону Рум, Чину Ҳинду Миср ё Аврупо ба оламиён як бор тамаддун дода бошанд, ориёиён (тоҷикон) ду бор тамаддунсозӣ намудаанд. Яъне, аҳли башар аз тамаддуни тоисломӣ ва исломии тоҷикон баҳрабардорӣ кардаанд. Гузаштагони хирадманди мо адабро ҳатто аз илм ҳам болотару азизтар мешумурданд, ки дар ҳақиқат чунин аст. Дар ин бора аз ҷумла Мавлонои Балхӣ фармудаанд:

Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳарҷо, ки хоҳӣ.
ва Мирзо Абдулқодир Бедил таъкид кардаанд:
Хоки замини одоб гар пайсипар тавон кард,
Эй тухми одамият, бар сар гузор поро…


Дар идомаи анъанаи тамаддунофарии аҷдодони гузаштаамон, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон тамаддунсозии нав-тамаддуни сеюм оғоз гардидааст, ки таҳкурсии устувори он фарҳанги сулҳофарӣ, аз ҷумла ба ваҳдат овардан ва ба ДОНИШ фаро гирифтани миллат мебошад. Зеро барҳақ, алтернативаи динбозӣ, мазҳабисозӣ ва маҳалгароӣ ДОНИШ асту бас! Ин ҷасорат аз Пешвои миллат оғоз шуд ва бояд ФАРЗУ АЙНИ зиндагии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардад.

Дар ояти 79 сураи Воқиа Қуръони карим Худованд фармудааст: «Қуръон китоби муқаддасе мебошад, ки ба ҷуз покшудагон, касе ба он даст намерасонад...». Дар тӯли зиёда аз 1200 соле, ки тоҷикон дини мубини Исломро пайравӣ доранд, риояву амалӣ шудани ин ояти қуръониро дар рафти зиндагии ҳар як тоҷики мусулмон баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Албатта китоби муқаддаси Қуръон дар хонаву дилу дидаи мардуми тоҷик маъвои хосси худро дорад. Вале баъзан кор то ба дараҷае мерасад, ки ҳатто ҳар гуна варақеро, ки дар он матни дилхоҳ бо ҳуруфоти арабиасос навишта шуда ва дар куҷое хобида бошад, бисёриҳо аз шаҳрвандони тоҷик бардошта ба дида мемоланд ва дар ҷойи муносибе мегузоранд.

Ҳадиси саҳеҳи Расули акрам(с) «Нияти нек беҳ аз амал» дар зиндагиву фаъолияти рӯзмарраи мардуми тоҷик ҷойгоҳи махсуси худро дорад. Хусусан месазад ёдовар шавем аз хислати накӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ояндаи неки Ватани худ боварии беандоза доранд ва бо ин рафторашон дили ҳамватанонро ҳамеша гарм месозанд. Дар ҳама ҷабҳаҳо нияти нек доранд ва амалҳоро низ бо нияти нек оғоз менамоянд. Ҳамин нияти неки Пешвои миллат аст, ки нақшаҳои ватансозиашон бемайлон амалӣ мегарданд ва обрӯву эътибори Давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ пайваста меафзояд.

Дар сураи Қоф, ояти 16 Қуръони маҷид омадааст, ки: «Офаридем одамиро ва Мо аз раги ҷон ба вай наздиктарем». Шояд аз ҳамин хотир бошад, ки бузургону орифони илму дин ҳамеша таъкид медоранд: «Худоро бо ақлу дил бояд шинохт». Барҳақ Шайх Саъдӣ фармуда буданд:

Тоат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест.
Олиму обиду сӯфӣ ҳама тифлони раҳанд,
Мард агар ҳаст, ба ҷуз орифи раббонӣ нест.


Аз аҳли мусулмони дунё тоҷикон шояд миллати ангуштшуморе бошанд, ки бо шунидани қироати ояҳои қуръонӣ ҳама ҳаракат мекунанд, ки дар ҷой бишинанд ва боадабонаву хомӯшона гӯш кунанд. Агарчӣ дар тӯли зиёда аз 12 аср, ки тоҷикон дар исломанд, аксарияти куллашон забони арабиро, яъне маънои ояҳои қироатшавандаи Қуръонро намефаҳмиданд ва имрӯз низ бисёриҳо намефаҳманд. Пас барои чӣ онҳо ба замин нишаста хомӯшонаву боадабона ба қироати ояҳои қуръонӣ таваҷҷуҳ менамоянд? Албатта дар ин ҳолат мардуми мусулмони мо аз рӯи талаботи ояти 204, сураи Аъроф: «Ва чун Қуръон хонда шавад, пас, ба сӯи он гӯш ниҳед ва хомӯш бошед, то бар шумо меҳрубонӣ карда шавад» амал намоянд ҳам, инчунин шояд аз он хотир аст, ки ақлу дили тоҷикон, ҳамчун мардуми ориётабору мусулмон, ба Худованди яккаву ягона ҳанӯз то зуҳури Ислом абадӣ пайванд буд.

Дар ояти 27, сураи Ҳаҷ Худованд ба Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад(с) мефармояд: «Ва дар миёни мардум ба адои ҳаҷ овоз деҳ то пиёдаву савора аз роҳи дур биёянд». Имрӯз дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон оромиву осудагӣ таъмин аст ва мардум эҳтиёҷоти динии худро тавассути динҳои гуногун, аз ҷумла дини мубини Ислом озодона амалӣ гардонида, ҳар сол то 5 ҳазор шаҳрвандон зиёрати хонаи Худо-Каъбаро ба ҷо меоранд. Ҳамин оромиву осудагист, ки аз минбари зиёда аз 4 ҳазор масҷидҳои дар даврони навини Давлати Тоҷикистон кушода шуда, муллоҳову имомхатибон ба издиҳоми намозгузорон бо амри маъруф муроҷиат мекунанд. Имомхатибоне, ки намозгузорон дар ибодати Худованд ба онҳо иқтидо мекунанд, тибқи талаботи дини мубини Ислом бояд худашон хеле ботавозӯъ, ботаҳаммул, хоксору бетамаъ бошанд ва албатта масъулияти олии тақвиятбахшандагии иртиботи намозгузоронро бо Офаридгор ба ҷону имонашон эҳсос кунанд. Чуноне, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:

Шуд рӯи дӯст қиблаи мо, ку имоми шаҳр,
То дар намози хеш ба мо иқтидо кунад.
Ҷомӣ бимир дар ғами ёре, ки баҳри ӯ,
Гар сад ҳазор бор бимирӣ, киро кунад.


Амри воқеист, ки дар деҳоти кишварамон масчидҳо яке аз марказҳои фарҳанги динӣ ба шумор мераванд, ки қисмати асосии шаҳрвандонро ба худ ҷалб менамоянд. Ҳангоми дар масчидҳо бо мардуми намозгузор буданам, хусусан дар намозҳои ҷумъа, мушоҳида мекунам, ки имомхатибон хутбаи намози ҷумъаро чун дар ибтидои Ислом, бо забони арабӣ қироат карда, ба даҳҳо пушту гузаштагони доҳиёни Ислом дуруд мефиристанд, вале ягон бор ҳам аз ниёгони бузурги тоҷикамон, ки дар рушду нумӯи фарҳангии Ислом саҳми арзандаву асосӣ доранд (аз ҷумла Имоми Аъзам, Ал-Бухорӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигарон) ёд намекунанд. Аз ҳама аламовараш он аст, ки баъзе имомхатибон дар рафти муноҷоти худ, ки асосан бо забони арабӣ қироат мегардад, дар бораи ободиву осудагии Ватан ва комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ қариб, ки чизе намегӯянд ва ба хотир ҳам намеоранд, ки дар тӯли зиёда аз 1400 соли мавҷудияти дини мубини Ислом, ҳамеша савобу самараи намози ҷумъа ва хутбаи онро барои пойдории давлат ва Сарвар-Подшоҳ-Президенти он мебахшиданд, чунки мусаллам аст, ки ризқу рӯзии мардуми ҳар як кишварро Худованд тавассути Сарвару Роҳбари он медиҳад.

Дар зиндагии ҳамарӯза мушоҳида кардан душвор нест, ки шахсони алоҳидаи бо ном «мулло» ба ҳамдиёрон таълим медиҳанд, ки онҳо аз миллати Иброҳими Халилуллоҳанд. Вале оиди он, ки калимаи «миллат» дар забони арабӣ маънои «дин»-ро дорад, ҳарфе намезананд. Инчунин намегӯянд, ки калимаи «миллат» дар забони тоҷикӣ ба маънои «аслият, қавм, нажод» қабул шудааст. Ҳамин тавр зиёда аз ҳазор сол чунин тарғибот ҳуввияти миллии ҳар як тоҷикро коҳиш медод ва мусоидат мекард, ки аз миллату аслияти нажоду фарҳанги хеш дуртар шаванд.

Дар вохӯриву суҳбатҳо бо ҷавонони имрузаи тоҷик маълум мешавад, ки таваҷҷӯҳи онҳо ба масҷидҳо, хусусан рӯзҳои ҷумъа, асосан ба хотири шунидани панду насиҳат сурат мегирад. Яъне, ҷавонони тоҷик асосан ба исломи фарҳангӣ ва маъниҳои ахлоқиву тарбиявии вай таваҷҷӯҳ доранд, на ба исломи сиёсӣ, ки баъзе муллотарошони аз Ватану аз Худо бехабар онҳоро даъват намуда, баъзан ба гумроҳӣ ва бадтараш-хиёнат ба Ватану миллати худ мекашанд. Дар ин бора мебояд, ки ба мӯҳтавои асарҳову суханрониҳои Президенти мамлакат, аз ҷумла асари «Дирӯз ва имрӯзи тоҷикон», ки дар бораи фаҳмиши нави дини ислом дар замони ҳозира-замони ҷаҳонишавӣ сухан меравад, муроҷиат кунем ва кӯшиш ба харҷ диҳем то, ки ҷавонон бегонапарасту бегонафитрат набошанд, ба онҳо воқеиятеро бифаҳмонем, ки аввал Ватан асту баъд дин аст, яъне аз аввали мавҷудияташ башарият аввал макони худ-Ватанро бунёду ҳифз кардаву баъд ба хотири ободиву рушди Ватан рӯй ба сӯйи дин ва арзишҳои маънавию ахлоқии он овардааст. Беватан аксаран аз дин ва аз мазҳаби худ низ ҷудо аст.

Метавон гуфт, ки дар Тоҷикистони навин бо қабули Қонун дар бораи танзими расму оинҳо ва ҷашну маросимҳо инчунин талаботи Қуръони маҷид дар ин мавзӯъ риоя ва амалӣ мегардад. Мисоли равшани ин матлаб дар ояти 27, сураи Исрои Қуръон омадааст: «Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст».

Ҳурмату эҳтироми падару модар барои ҳар як тоҷики асил ҳамчун омили мустаҳками фарҳангу маънавиёт ва ахлоқи вай дар ҷомеа амал менамояд. Беҳуда нест, ки дар ояти 8, сураи Анкабут Парвардигор мефармояд: «Ва ба одамӣ амр кардем, ки ба падару модари худ некуӣ кун...». Дар раванди зиндагии худ тоҷикон аз ин ояти муборак ва ҳадиси Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с): «Биҳишт зери қудуми модарон аст» васеъ истифода менамоянд. Аҳли адабу хиради тоҷик бошанд дар тӯли садсолаҳо беҳтарин мисраҳои назмӣ ва сатрҳои насрии худро ба модарон ва падарон бахшидаанд:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.


Парвардигори замину осмонҳо ва ҳамаи мавҷудоти онҳо дар ояти 20, сураи Муззаммили Қуръони азимушшаънаш мефармояд: «Пас, он чи аз Қуръон осон бошад, бихонед». Дар ҳақиқат барои он, ки одамон ҳарчӣ бисёртар ба ин китоби муқаддас таваҷҷуҳ намоянд ва аз маъниҳои бузурги ахлоқиву илмии он баҳравар шаванд, аз оғози зуҳури Ислом то имрӯз, ҳам гузаштагони хирадманди миллат, чун ҳазрати Имоми Аъзам ва ҳам дар даврони имрӯзаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талошҳои беназире ба сомон расидаанд. Агар бо фатвои ҳазрати Имоми Аъзам забони тоҷикӣ дар радифи забони арабӣ ҳамчун забони дуюми қуръонӣ эътироф гардида бошад, пас бо амалҳои ватанпарастонаву миллатдӯстонаи Президенти Тоҷикистон аввалин бор Қуръони карим ба забони тоҷикӣ тарҷума, бо хати кириллик нашр ва дастраси ҷомеаи Тоҷикистон ва тоҷикзабонони олам гардонида шуд.
Аҳмадҷон АЛИЗОДА, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: