Аз куҷо омадему то куҷо расидем?19-02-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 484 нафар
Назарҳо: 0
Солҳои ҷанги бародаркушӣ банда аз ноилоҷӣ барои пайдо намудани ризқу рӯзӣ дар маҳалла ба корҳои хоҷагиам машғул шудам. Он замон дар бахши аъзами кишвар нооромӣ буд. Ҷанг, куштор, ғорат, харобкорӣ ҳукм меронд. Ҳар кас Худои худро мегуфт. Дар фазои ҳамин нобасомониҳо фикри аввале, ки дар сар доштам, ин буд, ки зинда мемонда бошам. Аз сӯҳбат бо дӯстон ва рафиқонам, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо буданд, маълум буд, ки онҳо ҳам бо чунин андеша рӯзгор доштаанд. Ва бештари вақт ҳоли кишвари ҳамсоя Афғонистонро қиёс карда, гумон мекардем, ки эҳтимолияти тинҷию ором гаштани кишварамон кам аст.
Аз ин рӯ, аз Худои мутаъол хоҳиш мекардем, ки қуввае ва ё шахсеро барои мо муваффақ созад, ки барои кишварамон амният ва оромиро муҳайё намояд. Орзуи дигаре низ доштам, ки баъди таъмини амният подабони деҳа шавам. Бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзиамро ёфта, бо фарзандон ва хешу таборам зиндагии осудаҳолона дошта бошам. Хаёл мекунам, ки он вақт ин орзуи ҳар як тоҷикистонӣ буд. Баъди чанд муддате Худои таъоло орзуҳои моро ҷомаи амал пӯшонд. Яъне ҳукумати нав таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бо азобу машаққат ва ҷонбозиҳо барои мардум қиматтарин неъмат амнияту озодиро муҳайё кард. Бо мурур тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ рушд ёфта, равнақ пайдо намуданд. Чуноне ки дар Паёми имсола омадааст, «соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад». Дар ин давра зиёда аз 1200 мактаби таҳсилоти умумӣ, 550 муассисаи томактабӣ, 920 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, зиёда аз 4000 масҷид сохта ва 20 мактаби олӣ таъсис дода шуд. «Ҳукумат маблағгузории соҳаи тандурустиро сол аз сол зиёд карда, соли ҷорӣ ҳиссаҷудокуниро ба ин соҳа ба 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ расонид, ки ин рақам нисбат ба соли 2005 14 баробар зиёд мебошад. Сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз паст гардид. Маблағи пасандозҳо дар давоми сол 9 миллиард сомонӣ ё 35 фоиз афзуд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст. Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Тоҷикистон аз 27-уми августи соли 2009 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” дар майдони 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, барнома барзиёд иҷро карда шуд ва бо ҳамин роҳ беш аз 100 ҳазор ҷойи кории нав муҳайё гардид. Соли 2015 азнавсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода ба масофаи 57 километр ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ ва шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент ба масофаи 113 километр ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ анҷом ёфт. Имсол азнавсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг ба масофаи 88 километр ва бо маблағи 370 миллион сомонӣ ба анҷом мерасад. Ҳамчунин, роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қисмати Ваҳдат-Ёвон) ба истифода супорида мешавад, яъне робитаи пойтахти мамлакат бо яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар – Хатлон таъмин мегардад. Орзуи аввалини мо, яъне амнияту озодӣ, ки ҳама хостораш будем, имрӯз фароҳам омадааст. Ҳар як шаҳрванд бояд андеша кунад, ки чанд мартаба ба орзуяш муваффақ шудааст. Замони бачагӣ бандаро марҳум падарам аз шариати ислом таълим дода, таъкид мекарданд, ки омӯхтани илми дунявӣ ва ухравӣ, ки сабаби зебо сохтани зиндагии дунё мебошад, зарур ва ҳатмӣ аст. Ин воқеиятро ман дар сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ мебинам. Аз ин рӯ, ман дар қалбам, чанд сол пеш, ки ҳоло Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат қабул нагардида буд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Пешво эълон дошта будам. Гумон мекунам, ки дар дили ҳар шаҳрванди Тоҷикистон як ҳисса аз зуҳуроти ин сиёсат маскан гирифтааст. Воқеан, пеш аз ба тасвиб расидани Қонуни мазкур мафҳуму маънии Пешво будани Ҷаноби Олӣ дар дилҳо ҷо гирифта буд. Нодида гирифтани муваффақиятҳое ба шумули пойдор намудани сулҳу амният дар кишвар, сохтани роҳу нақбҳое, ки дар гумону хаёли мардум набуд, ҳимояи дини мубини ислом аз минбари СММ, эътироф шудани Тоҷикистону тоҷикон дар миёни давлатҳои дунё, ба мардум ҷудо намудани беш аз 70 ҳазор гектар қитъаҳои замини кишт, ғамхории пайваста ба ятимон, маъюбон ва камбизоатҳо, намозгузории Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар дохили хонаи Худо (ҷҷ) Каъба, дар интихобот гирифтани раъйи аксари мардум, сазовори баҳои баланди давлатҳои исломӣ гаштани Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дар қатори 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон ворид гаштани Пешвои миллати мо ва ғайра далеле хоҳад буд аз нотавонбинии бархе аз ашхоси миллат. Ба ҳамаи ин мувафақиятҳо ҳамон шахс метавонад сазовор гардад, ки агар дӯсти меҳрубони миллату Ватан бошад. Дар ин маврид Пайғамбар фармудаанд: «Ҳуббул Ватан нисфул эмон» яъне, дӯст доштани Ватан нисфи эмон аст. Аз назари дини мубини ислом онҳое, ки оид ба ин ё он масъала ақлашонро дуруст кор нафармуда, ҳақро нодида мегиранд, қалбҳояшон нопоку чашмҳояшон кӯр аст. Чуноне ки Худо (ҷҷ) дар ояи 100 сураи Юнуси Қуръони маҷид фармудааст: «Ва яҷъалур риҷса ъалал-лазина ло яъқилун». Яъне, Худо палидиро дар қалби касоне қарор медиҳад, ки ақлашонро ба кор намегиранд. Дар ин маврид Фаридудини Аттор барои чунин фардҳо маслиҳати зеринро пешниҳод кардааст: Хоҳӣ қалби ту бошад чун оина, Даҳ чиз бурун кун аз даруни сина. Ҳирсу ҳасаду бухлу дурӯғу ғайбат Кибру ғуруру рашку риёю кина. Зимнан, қиматтарин неъмат- сулҳу оромиро, ки орзуи аввалиндараҷаи мо буд ва хушбахтона ба он ноил гардидем, бояд ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва онро аз мунофиқони ин сиёсат эмин дорем. Дар ҳар лаҳза ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем. Бояд қайд кард, ки баъзе мансабдорону хизматчиёни давлатӣ мунофиқона ва ё бефаҳмона ба сиёсат хизмати хирсона мекунанд, аз ин рӯ шахсони масъул ва дилсӯзи давлат пеши роҳи онҳоро бояд гиранд. Барои мисол, банда ва аксари кулли хонандагон аз мулоқотҳо, ки бо онҳо доштем, ҷонибдори андешаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон С.Фаттоҳзода мебошанд. Мавсуф дар рӯзномаи «Минбари халқ» аз 11 ноябри соли 2015 бо унвони «Мо муқобили исломи радикалӣ ва атеизми ҷанговар ҳастем», мақолаи пурарзише ба нашр расондаанд, ки дар он омадааст: «Чунин дастур ҳам вуҷуд надошт, ки мардонро дасгир намуда, ришашонро тарошанд ва ё ҳиҷоби занҳоро барандозанд». Аз ҷониби дигар, дар сухану амали баъзе бародарон риояи зарбулмасали тоҷикиро баръало ба мушоҳида мегирем: «Агар салларо биёр гӯед, калларо меорад». Барои мисол, банда зиёда аз 20 сол ҳамчун хизматчии давлатӣ дар мансабҳои гуногун фаъолият карда, бо як ақидаи устувор ба миллату Ватан хизмат карда истодаам. Дар ин давра ба ҳайси исломшинос 9 китоб ва қариб 30 мақоларо дар рӯзномаю маҷаллаҳои кишвар ба чоп расонидаам, ки мазмуну муҳтавои онҳо дастгирӣ ва ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон аз назари дини мубини ислом мебошад. Яке аз китобҳоям бо унвони «Муолиҷа бо Қуръон» бо розигии Ҷаноби Олӣ ба иштирокчиёни Конфронси байналмилалӣ оид ба бузургдошти Имоми Аъзам ва китоби дигарам «Доми тазвир макун Қуръон»-ро ба ширкаткунандагони семинар оид ба мавзуи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дастрас гардидаанд. Инчунин санаи 26 июни соли 2015 аввалин шуда, рисолаи номзадиамро доир ба мавзуи «Значение изучения науки в Каране и её ценностъ в духовно нравственном воспитании подрастаюшего поколения», ки ба масоили дини ислом бахшида шудааст, дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳимоя кардам. Ҳамаи инро ман аз шарофати тинҷию оромӣ ва сиёсати муваффақи давлати Тоҷикистон медонам. Ба андешаи банда ҳар як шаҳрванди тоҷик агар дасташро рӯи дил гузошта, фикр ва таҳлил кунад, аз ҷумла ҳамон душманони миллат ҳам бояд қоил шавад, ки ба чунин хушбахтиҳо ноил гардидааст. Дар ин маврид Худо (ҷҷ) дар Қуръони маҷид дар сураи Ёсин ояи 62 фармудааст: «Афало такуну таъқилун» яъне ақлатонро кор нафармоеду фикр накунед ба гумроҳӣ меравед. Аз ин рӯ, душманҳои миллат ақлро кор нафармуданд ва фикр накарданду гумроҳ шуданд. Бинобар он, банда тибқи фармудаи Худо (ҷҷ) ҳар лаҳзаи умрамро ҳамчун исломшинос бо «тасбеҳ» шукргузорӣ карда, аз Худо (ҷҷ) доим пойдор будани сиёсати имрӯзаи давлату ҳукуматро орзу кардаам. Чунки Худо (ҷҷ) дар Қуръони маҷид дар сураи Иброҳим ояи 7 фармудааст: «Ва из тааззана Раббукум лаин шакартум лаазиданнакум». Яъне Худо даъват мекунад, ки агар аз неъматҳои мавҷуда ҳар замон шукргузорӣ кунед, неъмататонро меафзоям. Мутаассифона, бародарони зоҳирбин, ки баъзан дӯсту душманро дуруст намешиносанд, тасбеҳгардонии маро мушоҳида намуда, эрод гирифтаанд, ки барои ислоҳаш ҳамзамон амал кардам. Аммо бо кадом сабаб душмани миллату Ватан собиқ генерали вазорати мудофиа Назарзода, ки зиёда аз 500 силоҳи калашникуфро аз анборҳо махфӣ баровардасту масъулон онро мушоҳида накардаанд. Ин албатта аз он дарак медиҳад, ки шахсони босалоҳият аз ҳушёрию зиракии сиёсӣ бехабар мондаанд. Аз ин хотир, мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қиматтарин неъмат, амн ва озодиро, ки он бо розиги Худо ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои мо муҳайё шудааст, бо масъулияти баланд чун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ кунем. Тоҳир Рашид, исломшинос |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.