Ситоди «Обуна - 2017» ташкил шуд22-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
Натиҷаи маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки рӯзи 20.07.2016 таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Ализода А.А. баргузор гашт, бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ-и ноҳияи Фархор мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода шуд.
Ситоди «Обуна - 2017» барои нашрияҳои ҳизбӣ ташкил карда шуда, шуруъ аз 01.08.2016 обунашавӣ ба рӯзномаҳои «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» оғоз мегардад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки 25 нафар собиқадорони нафақахури ҳизб, ки дар ҳаёти ҳизбии ноҳия фаъолона ширкат доранд, аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба рӯзномаҳои ҳизбӣ обуна карда мешаванд. Тасмим гирифта шуд, ки нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дар муҳлатҳои кутоҳтарин иҷро карда мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.