Тафтиш нишон дод3-10-2015, 18:00
Хабарро хонданд: 419 нафар
Назарҳо: 0
Бо роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон гуруҳи корӣ оиди омӯзиши фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом доданд.
Гуруҳи кориро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода ҳамроҳӣ намуд. Сараввал гуруҳи корӣ бо ҳуҷҷатгузории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия шинос гардида, баъдан аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, аз ҷумла ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳраки Вахш ва Ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотии ҲХДТ, ки дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Вахш ҷойгиранд, дидан намуданд. Латифзода Асрор Қурбон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахшро қаноатбахш ҳисобида, дар оянда ба онҳо барои боз ҳам ҷоннок намудани корҳои ҳизбӣ маслиҳатҳои муфид дод. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.