Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар амалиёти вижаи 4 кишвар 15 гумонбари терроризм боздошт шудааст

Дар амалиёти вижаи 4 кишвар 15 гумонбари терроризм боздошт шудааст

20-07-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Дар амалиёти вижаи 4 кишвар 15 гумонбари терроризм боздошт шудааст
Дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Русияву Қазоқистон дар рафти амалиёти махсуси марзӣ "Ҷануб-2016" 15 фарди гумонбар ба тундгароӣ ва терроризм боздошт шудааст.

Амалиёти махсус аз 6 то 29 июни соли ҷорӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз ҳуқуқшиканиҳо ва ҷиноятҳои фаромарзӣ дар кишварҳои ИДМ, дар се зина анҷом шудааст. Ба ҷуз аз сарҳадбонон дар ин амалиёт мақомоти қудратии кишварҳои мазкур ширкат кардаанд.

Бино бар хабарҳо, дар минтақаҳои пурхатари марзӣ дидбонгоҳҳои муваққатӣ гузошта шудааст. Ҳамчунин назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр карда шудааст.

Дар ҷараёни амалиёти "Ҷануб-2016" марзшиканон, муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки ба фаъолиятҳои тундгароиву террористӣ машғуланд, ҷинояткорони дар кофтуковбуда дастгир шудаанд. Дар ин амалиёт аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир низ мусодира шудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки ширкатдорони амалиёт вазифаҳояшонро пурра иҷро кардаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: