Ҷон Керрӣ: эҳтимол аст, Туркия аз узвияти НАТО маҳрум шавад19-07-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА гуфтааст, агар риоя нагардидани принсипҳои демократӣ баъди кӯшиши табаддулоти низомӣ дар Туркия идома ёбад, эҳтимол аст, узвияти ин кишвар дар НАТО қатъ шавад.
Бино ба иттилои Independent, Ҷон Керрӣ таъкид карда, ки ИМА ҷонибдори раҳбарияти мунтахаби Туркия аст. Ба ҷуз ин, Иёлоти Муттаҳида аз ҳукумати Туркия даъват кардааст, ки меъёрҳои баландтарини эҳтиром ба институтҳои демократӣ ва волоияти қонун дар ин кишварро ҳифз намояд. "Мо қатъан аз ҷазои одилонаи саркардаҳои кудато ҳимоят мекунем, аммо аз ҳолатҳои ҳадгузароние, ки арзишу қоидаҳои демократиро зери фишор мегузоранд, огаҳ менамоем", - истинод кардааст УНИАН аз суханҳои Ҷон Керрӣ. Дар пайи табаддулоти нофарҷоми шаби 15 ба 16 июл дар Туркия як қатор низомиён бо гумони даст доштан дар он дастгир гардиданд. Миёни мақомҳои баландпояи низомии боздоштшуда Адем Худутӣ, фармондеҳи Артиши дувум (бахши нерӯҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Туркия) ҳам ҳаст. Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия, Акин Озтюрк - сарфармондеҳи пешини Нерӯҳои ҳавоии ин кишвар низ дастгир шудааст. Гӯиё табаддулоти нофарҷоми Туркия бо ташаббуси ин ду нафар сурат гирифтааст. Ба ҷуз ин, дар вилояти ҷанубии Испарти Туркия ду генерали дигар Метин Акка ва фармондеҳи гарнизон Мустафо Курутмаз боздошт шудаанд. Гуруҳе аз низомиёни Туркия гуфтанд, мехостанд барои таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии мардум сари қудрат оянд. Аммо то субҳ мақомоти Туркия тавонистанд идораи тамоми кишварро дубора ба даст гиранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.