Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти шашмоҳа!

Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти шашмоҳа!

14-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 275 нафар
Назарҳо: 0
Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти шашмоҳа!Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон оиди баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии Кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Ёвон маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки аъзоёни Комиҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Нарсов И. оғоз намуда, оиди натиҷаҳои фаолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия дар давоми семоҳаи дуюми соли 2016 ва вазифаҳои навбатӣ дар семоҳаи сеюми соли 2016 дар назди аъзоёни Комиҷроия ҳисобот дод. Дар ҳисобот қайд карда шуд, ки аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон то ба имрӯз дар ноҳия ба 10911 нафар расидааст. Дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон бошад, теъдоди аъзоёни ҳизб 2249 нафар зиёд карда шудааст. Аъзоён, ки бори аввал ба ҲХДТ шомил мегарданд дар китоби махсус бақайд гирифта шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида мешавад.

Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти шашмоҳа!Сипас аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси КИ ҷамоати деҳоти Чоргул Назаров Қурбоназар, раиси ташкилоти ибтидоии Маркази барқию гармидиҳии Ёвон Аҳадов Ашур ва раиси комиссияи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии КИ ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Эраҷ баромад намуда, оиди корҳои анҷомдода дар давоми семоҳаи дуюми соли равон баромад намуданд.

Баъдан раиси ноҳияи Ёвон, аъзои Комиҷроия Амирбеки Темур ба сухан баромада, оиди зиёд намудани аъзоёни ҳизб, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, бурдани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, дастгирӣ намудани сиёсати имрӯзаи ҲХДТ, иҷро намудани дастуру супоришҳои раиси ҲХДТ, расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва шахсони барҷомонда, тарбия намудани кадрҳои ҷавону лаёқатманд, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия гуфта гузаштанд.

Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти шашмоҳа!Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома оиди омодагиҳо ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳангчиён» Қулов Аҳлиддин баромад намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиставу сазовор истиқбол гирифтани ин санаи барои миллати тоҷик муқаддасу гиромӣ маърӯза намуд.

Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳия дар давоми шашмоҳаи якуми соли равон аз ҷониби аъзоёни Комиҷроия қаноатманд ҳисобида шуда, оиди иҷрои саривақтӣ нақшаҳои минбаъда дар назди аъзоёни Комиҷроия вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: