Сохтмони синфҳои иловагӣ дар мактаб14-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом сохтмони синфхонаҳои иловагӣ шурӯъ гардид. Дирӯз ба ин муносибат дар мактаби мазкур ҷамъомади фаъолони ҲХДТ доир карда шуд. Дар он раиси ҷамоат М.Тӯраев, сокинони маҳаллаҳои ба номи А.Шукуров ва С.Боҳиров, сарвари мактаб У.Муродова, раиси кумитаи падару модарони мактаб А.Деҳқонов иштирок ва баромад карда, ақида ва таклифҳои худро бобати сохтмони синфхонаҳо баён доштанд. Бояд қайд кард, ки сохтмони ин синфхонаҳо ба тариқи ҳашар сурат гирифта, худи сокинони деҳа ба бунёдаш камари ҳиммат бастаанд. Сохта ба истифода дода шудани ин синфхонаҳои иловагӣ баҳри ба таҳсил фарогирии шумораи бештари хонандагони ҳудуди маҳал ва хубтар ба роҳ монда шудани раванди таҳсил муосидат хоҳад кард.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.