Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолият - кафили озодию осоиштагии миллати тоҷик

Истиқлолият - кафили озодию осоиштагии миллати тоҷик

12-07-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият - кафили озодию осоиштагии миллати тоҷикБахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Шавкат»-и МД «Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвонии «Истиқлолият - кафили озодию осоиштагии миллати тоҷик» ҳамоиши аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабиниро Рӯзиев Муродалӣ Меҳмондӯстович, директори Пажуҳишгоҳ, аъзои фаъоли ҳизб ифтитоҳ намуда, оиди дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, алалхусус пажуҳишгоҳ ибрози ақида карда, ҳозиринро барои зудтар расидан ба ҳадафҳои миллӣ, дар коргоҳҳо фаъолтар гардидан ва софдилона адои вазифа намудан даъват кард.

Истиқлолият - кафили озодию осоиштагии миллати тоҷик
Ҳамчунин, Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муминов зимни суханрониаш нуқтаҳои зеринро иброз намуд: «Корсозиҳои хирадмандона ва дурандеши сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дифоъ аз манфиатҳои кишвар ва эҷоди таносубу тавозуни оқилона миёни арзишу ормонҳои миллӣ ва ниёзҳои дунёи муосир мӯҷиби афзудани эътибори байналмилалии Тоҷикистон гардид. Тоҷикистон имрӯз ба ҳайси кишвари соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта ва пазируфта шудааст. Ин дастоварди таърихист, ки ормонҳои миллии тоҷиконро ба воқеият табдил дод.»
Истиқлолият - кафили озодию осоиштагии миллати тоҷик
Дар фарҷом, барои саҳми арзанда гузоштан ба таблиғу ташвиқи ғояҳои сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату Ҳукумат, дар чорчубаи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ ба роҳ мондани фаъолияти худ Парвина Казакова, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо “Ифтихорнома”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино сарфароз гардонида шуд. Ҳамчунин, ба 7 нафар кормандони Пажуҳишгоҳ, ки чанде пеш ариза барои аъзои ҲХДТ шудан, пешниҳод намуда буданд, ба ҳар яки онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супориданд.
Истиқлолият - кафили озодию осоиштагии миллати тоҷик
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: