Нидо аз умқи қарнҳо, ё чаро ба рӯйдоди муҳими таърихӣ бепарвоем8-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 380 нафар
Назарҳо: 0
100 сол муқаддам имшабу рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд шӯриши оммавӣ сар зада буд, ки онро олимону муҳаққиқон дорои характери миллӣ-озодихоҳӣ ва ҳақиқатан халқӣ арзёбӣ кардаанд. Сабаби асосии шӯришро эшон дар зулму истибоди боёни маҳаллӣ ва ҳамзамон ҳукуматдорони ҳукумати подшоҳии Русия номида, нисбати тадқиқи он ҷустуҷӯҳои зиёди илмӣ бурдаанд.
Яке аз чунин нафарон муаррихи варзидаи тоҷик Темур Каримов аст, ки бахшида ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ бо номи «Шӯриши соли 1916 дар Тоҷикистон» (Нашр. Ирфон, Душанбе, соли 1966) китоби мукаммал ба қалам додаст. Мавсуф яке аз сабабҳои асосии шӯришро дар мардикоргирии мардуми маҳаллӣ барои мустаҳкам намудани ақибгоҳи армияи амалкунандаи Русия номида, аз ҷумла чунин менигорад: «2 июли соли 1916 сардори уезди Хуҷанд полковник Рубах ва ҷонишини ӯ подполковник Артсишевский ҳокимони волостҳо, сардорони политсияи участкаҳо ва дигар амалдорони подшоҳиро даъват намуда, фармони подшоҳро дар бораи ба корҳои ақибгоҳи армияи амалкунанда сафарбар намудани аҳолӣ эълон карданд».(саҳ. 57). Тавре дар идома навишта мешавад, муовфиқи тақсимот аз шаҳри Хуҷанд бояд 2708 нафар ба корҳои ақибгоҳи армияи амалкунандаи Ҳукумати подшоҳӣ фиристода мешуд. Барои амалӣ намудани ин қарор сардори политсияи шаҳр штабс-капитан Устимович маҷлис ороста оқсақоли калони шаҳр Мирзобаҳодур Мирзоқосимов, қозӣ Саидаҳмадхоҷа Бузуругхоҷаев, депутати думаи шаҳрӣ Мирзо Мӯъминов, савдогару амалдори калон Комилҷон Олимҷонов, намояндаи маъмурияти маҳаллӣ Мирзоқобил Умаров, оқсақол Бобораҳим (бобои ходими давлатию ҷамъиятӣ Гулҷаҳон Бобосодиқова) ва умуман боёну элликбошиҳои шаҳрро вазифдор намуд, то ки дар иҷрои фармон чораҳои амалӣ андешанд. Ин фармон ба зулму истибдоде, ки мардуми маҳаллӣ дучор омада буданд, «болои сӯхта намакоб» шуд. Косаи сабри аҳолӣ пур гардида, худи ҳамон рӯз мардум ба назди масҷиди ҷомеъи Шайх Маслиҳатдин ҷамъ омада нисбати ин қарор эътирози қатъӣ баён карданд. «Мардуми ба хашмомада ба ин талаби вай ҷавобан бо қатъият гуфтанд, ки «ба аскарӣ одам намедиҳем», - овардааст, олим дар идомаи тадқиқоташ,- то бегоҳ ин хашму щазаб тамоми шаҳрро фаро гирифт ва мувофиқи хабаре, ки худи Артсишевский ба генерал-губернатори кишвар равона кардааст, шаби 4 июл дар шаҳри кӯҳна, бозори Панҷшанбе ба муносибати ба корҳои ақибгоҳи армия даъват карда шудани аҳолӣ ошӯби мардуми маҳаллӣ ба амал омад» (Т.Каримов, «Шӯриши соли 1916 дар Тоҷикистон», саҳ. 58). Тавре сарчашмаҳои таърихӣ иттилоъ медиҳанд, бо мақсади паст кардани хашми мардум ҳукуматдорони маҳаллӣ эълон мекунанд, ки фармони мардкоргирӣ ба корҳои ақибгоҳи армияи амалкунанда муваққатан боздошта шудааст. Аммо, оммаи халқ «инҳо дурӯғ мегӯянд, ба Мирзобаҳодур, оқасақолу ҳамроҳонаш бовар накунед»-гӯён ба назди идораи политсияи шаҳрӣ (имрӯза матбааи аввалини шаҳри Хуҷанд) рафта сардори уезд Рубахро даъват мекунанд, то ки муваққатан бозмонда шудани фармонро аз забони худаш шунаванд. Набудани Рубах дар ҷойи корӣ ва ҷони худро аз издиҳоми ба шӯр омада халос карда пинҳон шудани Мирзобаҳодур, оқсақолу қозии шаҳр Саидаҳмадхон ба даруни маҳкама ҳозиринро боз ҳам хашмноктар сохт ва бетартибиҳо ба авҷи аълояш расида буд, ки ниҳоят аз ҷониби политсайҳо бар зидди издиҳом тир парронда шуд. «Ба тирпарронии зидди аҳолӣ оқсақоли калони шаҳр - Мирзо Муъминов иғво дода буд,- менависад муаллиф,-баъд аз тирпарронии вай гуфта мешавад, дар протоколи тафтишот, шӯришгарон ақиб гаштанд. Аммо, дар ҳамин вақт фарёд баромад: «Мирзобаҳодур паррондан гир, он гоҳ мардум бигзор моро кушанд, гӯён боз ҳуҷум карданд. Пас аз он ки ӯ аз таппончааш якчанд маротиба тир холӣ кард ва баъд аз гурехтани ӯ садои милтиқпарронӣ ҳам баромад» (ҳамон ҷо, саҳ. 61). Аз рӯи маълумоти таърихӣ кушташудагон инҳо буданд: сокини маҳаллаи «Хосабофон» Муҳаммадҷон Миробидови 23 - сола, сокини маҳаллаи «Тангак» Оқилшайх Неъматшайхови 80-сола, ярадоршуда сокини маҳаллаи «Пахтакашон» Мирзоҳид Мирфайзиеви 23- сола. Маълум мегардад, ки гоҳо бераҳмиро нисбати ҳаммилату ҳамдини худ оқсақолону боёни маҳаллӣ низ дар ин шӯриш раво дидаанд. Далели ин гуфтаҳо аз ҷониби оқасақоли калони шаҳр Мирзобаҳодур Мӯъминов парронда шудани се тан аз иштирокчии шӯриш Мирзоҳид Мирзофайзиев, Махсумхон Олимхонов ва Шокаримов аст, ки инро муаллиф дар саҳифаи 62-юми рисолаи худ ба таври асоснок овардааст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар ин шӯриш баробари инқилобчиён Ҷӯра Зокиров, Ҷӯра Алӣ, Зубайдулло Раҳматуллоев, Абду Мадаминов, Дадобой Машарифов, Яҳёхон Қориолимхонов ва Эшонхон Мирзоӯрунов, сокини шаҳри Хуҷанд Бисолиҳа Қобилхоҷаева (байни мардум ин зан бо номи Ходими ҷамолак маъруф буд) фаъолнокии баланд нишон додаст. Дар китоби «История Ленинабада» (Душанбе, Изд. Ирфон, саҳ.183).дар бораи корнамоии ин зани далеру шуҷоъ ин гуна сатрҳоро хондан мумкин аст:Дар ин шӯриш Ходими ҷамолак қаҳрамонӣ зоҳир кард. Вай нотарсона аз дасти яке аз политсайҳо шамшерашро кашида гирифта дупора кард. Баъди ин аскарон аз болои қалъа ва политсайҳо, ки байнашон оқсақоли калони шаҳр Мизобаҳодур Мирзомӯъминов буд, аз конселярия истода, ба халқи беяроқ бераҳмона оташ кушоданд. Боиси тазаккур аст, ки ба дастгирии шӯришгарони Хуҷанд тамоми волостҳои уезд бархост. «Чуноне ки муаррих Б. Искандаров дар китоби худ «Восстание 1916 года в Ходженте и его влияние на другие районы Средней Азии» саҳ. 16 менависад «10 июл шӯриш дар Дилварзин, 17 июл дар Пунук, қисмати болову поёнии Ашт, санаи 1 август дар волости Ғончӣ (имрӯза Деваштич), 4 август дар Қистақӯз, 8 август дар Унҷӣ, барпо шуд». Дар сарчашмҳои дигари таърихӣ оварда мешавад, ки минбаъд ин гуна шӯришҳо дар Ашти Поёну Ашти Боло, волостҳои Қистақӯзу Ӯротеппа, Шаҳристон, бекигарии Қабодиёну Қаротегин ҳатто Шаҳрисабзу Бухоро, Ҷиззаху минҷумла тамоми Осиёи Миёна низ рух медиҳанд. Аммо, ин шӯришҳо бо фармони ҳукуматдорони маҳаллӣ аз ҷониби аскарону афсарон бераҳмона пахш мешаванд. Даҳҳо одамон бадарға ва амволу заминашон мусодира карда шуданд. «Масалан, дар уезди Ҷиззахи вилояти Самарқанд то 600 оила бадарға карда шуд. Дар Хуҷанд бошад, бо фармони полковник Рубах ҳолати ҳарбӣ эълон шуда, дар шаҳр гашту гузор кардан то соати 21 иҷозат шуда буду халос. Политсайҳо бе ягон пурсиш одамонро калтаккӯб мекарданду мекуштанд. Ярадорон бошанд, зери таҳқиру азобҳои пуршиканҷа гирифта мешуданд. Бо қарори суди ҳарбӣ нисбати 400 нафар иштирокчиён ҳукм бароварда шуд»,-оварда мешавад, дар китоби«Иследование по истории и культуре Ленинабада» ( Изд. «Дониш», Душанбе, 1986. саҳ. 40). Бино ба маълумоти таърихӣ дар мавзеи имрӯза варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳр барои шӯришгарон лагери махсус сохта шуда буд.Ва 400 нафар иштирокчиёни шӯриши Хуҷанд дар ин ҷо бо роҳҳои гуногун ба қатл расонида шуданд. Боиси тазаккур аст, ки ба ин рӯйдоди таърих Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Раҳим Ҷалил низ рӯй оварда, дар қисми якуми романи худ «Одамони ҷовид» (нашр. «Ирфон», 1966, саҳ. 156) ду боби махсусеро бо номи «Иродаи императори аъзам» ва «Шӯриш» бахшидаанд. Лаҳзаи қаҳрамонии Ходими ҷамолакро устод бо обу ранги бадеӣ ин тавр тасвир кардаанд: «Овози Ходими ҷамолак, ки фаранҷии бечашмбандро ба сараш яклаба гирифта буд, баланд шуд: Писаронам, нагурезед, одамкушонро занед. Мо намехоҳем, ки писарони мо ба доми бало раванд. Аз рӯи нақли шоҳидон дар ин мавзеъ солҳои 30-юми асри гузашта ҳукми суд нисбати «душманони халқ» ба иҷро расонида мешуд. Иштирокчии барпокунии сохти колхозӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндаёд Раҳимбой Болтуев тирамоҳи соли 1990 ба ману тарҷумони варзида, директори Нашриёти ДДХ Абдумавлон Самеев ин мавзеъро нишон дода гуфта буданд, ки «мо бо уштур он солҳо барои аскарон бо кӯпруки кӯҳна ангишт мекашонидем. Бо чашми сар медидам, ки чӣ тавр асиронро ба лаби чуқурии кофташуда меоварданду баъди хондани ҳукми «тройка» мепарронданд ва ҳадаҳа аз болояшон оҳак мерехтанд».Ходими ҷамолак дуруст мегӯяд, одамкушонро занед!- овозе шунида шуд. Овози модар аъзои бадани намоишчиёнро виҷҷос занонд. Одамон боз ба ҷои аввалаи худ омаданд. Кадом як кас политсияро ғалтонда ба зераш гирифт. Шамшери вай канда шуда ба замин афтод. Ходими ҷамолак шамшерро гирифта ба замин зада шикаст» (ҳамон ҷой, саҳ. 169). Ҳамчунин ба ин ҳаводиси таърихӣ дигар аз аҳли қалам ва зиё рӯй овардаанд. Ҳаким Карим ва Дунган (тахаллуси академик З.Ш.Раҷабов) соли 1940 драмаи «Соли 1916» навиштанд. Драматург Султон Сафаров бошад, соли 1964 драмаи «Шарораҳои Хуҷанд»-ро ба қалам дод. Собиқ бинои идораи политсайи уезди Хуҷанд, имрӯза матбааи аввалини шаҳр. Шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд асоси воқеаҳои соли 1916 дар Осиёи Марказӣ шуданд, ки минбаъд ин ҳаводиси таърих дар маркази диққати муаррихони бисёр қарор гирифтааст. Тавре онҳо менигоранд, «шӯриши Хуҷанд ва волостҳои он зуд ба гӯши меҳнаткашони Самарқанду Сирдарё, Семипалатинсику Фарғона, Закаспий, Акмолинск, Уралу вилояти Турғайи Қазоқистон расид. Шӯриш характери оммавӣ дошта, аҳолиро новобаста аз миллату тааллуқияти диниаш фаро гирифт». Тавре муаррих Темур Каримов менигорад: «Баъд аз воқеаҳои Хуҷанд дар тамоми территорияи Осиёи Миёна ошӯбҳо ба амал омада, гӯшаву канорҳои гуногунро паси ҳам фаро гирифтанд. Шӯриши халқи қазоқ бо роҳбарии Амонгелдӣ Имонов шӯриши калонтарин буд. Губернатори вилоятӣ ба генерал-губернатори Туркистон Алексей Куропаткин навишта буд, ки «маҳз баъд аз шӯриши Хуҷанд «шӯриш дам дар ин ҷо ва дам дар дигар ҷо сар мезадагӣ шуд». («Шӯриши соли 1916», саҳ. 84) Мутаассифона, оид ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, чорабиние барпо карда нашуд. Баръакс, зимоми роҳбариро дар ин кор олимони ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон ба даст гирифта, чандин конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва вохӯриву мулоқотҳо барпо намуданд. Ҳол он ки тавре дар боло исбот шуд, асосу заминаи ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Осиёи Марказиро маҳз дар шаҳри Хуҷанди бостон гузоштаанду мо бошем, муҳри хомӯшӣ ба лаб задаем. Мирзоаъзам Мақсудов, мухбири махсуси «Минбари халқ» дар вилояти Суғд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.