Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иқдоми “Аёдати Рамазонӣ” ҷамъбаст гардид

Иқдоми “Аёдати Рамазонӣ” ҷамъбаст гардид

7-07-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Дар Паёми табрикӣ ба ифтихори иди Рамазон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Ҳар як инсони савобҷӯ метавонад дар арафаи иди саиди Фитр ва дар рӯзи ид то адои намоз хайри худро ба бародарону хоҳарон ва хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсояҳо, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон расонида, соҳиби савобу самараи дучанд гардад. Зеро тибқи фармудаҳои Қуръони маҷид ва пайғамбари ислом маҳз чунин шахсон ба қабули хайру садақа ҳақ доранд. Ҳамчунин, дар дини мубини ислом, бахусус дар байни пайравони мазҳаби ҳанафӣ саъю талош барои сулҳу оромии ҷомеа ва густариши инсофу адолат мақоми баланд дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди мусулмон вазифадор аст, ки зиндагии худро бо эҳсонкориву хайрхоҳӣ ба сар барад, ростқавлу росткор, кушодадилу кушодачеҳра ва саховатпешаву ҳимматбаланд бошад ва ҳамеша аз аъмоли зишт, зулму ситам, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғорат канораҷӯӣ карда, ин амалҳои носавобу ғайриматлубро маҳкум намояд».

Ҷиҳати амалигардонии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ва ба муносибати моҳи шарифи Рамазон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ иқдоми “Аёдати Рамазонӣ”-ро роҳандозӣ намуда, дар моҳи муборак аёдати оилаҳои маъюб, яккаву танҳо ва камбизоатро ба роҳ монд. Дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, вакилон, саховатмандон ва ҷонибдорони ҳизб 5143 оилаҳои ниёзманд аёдат карда шуда, маводи ниёзи аввал дастрас карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: