Соати сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ёрирасон»28-06-2016, 15:30
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақша-чорабиниҳо Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои муҳими кишвар чорабиниҳои судманд баргузор гардида истодааст.
Аз ҷумла дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ёрирасон» соати сиёсӣ дар мавзӯъи «Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» гузаронида шуд. Ҷаласаро Шаҳло Ваҳобова, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ифтитоҳ намуда, ҳамагонро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод карда, кзикр намуд, ки бо иштироки аъзоёни ҳизб тӯли ҳар моҳ чунин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ доир карда мешавад. Ӯ ёдовар шуд, ки ҳар як узви ҳизб вазифадор аст, ҷиҳати амали гаштани сиёсати ҳамаҷонибаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои ҳизб, барои расидан ба ҳадафҳои барномавӣ, баланд шудани нуфузи ҳизб дар ҷомеа мубориза барад. Дар охир Тошқул Туйдиев, мудири шӯъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроия дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар аъзоёне, ки тоза ба ҲХДТ пайвастанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорид. И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.