Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштирок дар расми гузашти низомӣ дар шаҳри Хоруғ

Иштирок дар расми гузашти низомӣ дар шаҳри Хоруғ

28-06-2016, 10:40
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Иштирок дар расми гузашти низомӣ дар шаҳри ХоруғДар рӯзи чоруми сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи гарнизони Хоруғ расми гузашти низомӣ ва намоиши техикаҳои ҳарбӣ доир гардид.

Дар оғоз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи гарнизони Хоруғро ба солгарди 19-уми Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва содиқ мондан ба савганди ҳарбӣ ҳидоят намуд.

Дар майдони ҳавоии фурудгоҳи Хоруғ ҳамзамон техникаҳои зиреҳпӯши ҷангию нақлиётӣ, артиллерияҳои худгард, навъҳои мухталифи туб ва дигар лавозимоти ҷангие, ки ҳайати ҷузъу томҳои ин гарнизон мусаллаҳу муҷаҳҳаз гардидааст, ба намоиш гузошта шуд.

Тавре зикр гардид, бо мақсади назорату пурзӯр намудани минтақаҳои масъулиятноки кишвар дар хати якуми дифо сарҳадбонони тоҷик ва дар хати дуюми дифо бошад, қувваҳои асосии мудофиавӣ- ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд, ки дар сурати таҳдиди хатар метавонанд ба душман зарбаҳои қатъи зананд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2004 масъулияти ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии тоҷик вогузор карда шудааст ва дар ин муддат ҳамаи қисму воҳидҳои марзбонии мамлакат шакл гирифта, имрӯз ба такиягоҳи пуриқтидори давлату миллат табдил ёфт.

Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ, таъмини воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ ва муҳиммоти ҷангӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти самараноки онҳо мунтазам чораҷӯӣ карда, аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ сокинони вилоят бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза нисбат ба Пешвои миллат гусел намуданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ, ки аз 25-ум то 28-уми июни соли равон сурат гирифт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ шинос шуд.

Ҳамзамон Сарвари давлат бо фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар иштирок намуд.
president.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: