Эҳёи сиёсати демографӣ26-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи фаъолияти инсони истеҳсол ва такрористеҳсоли неъматҳои моддӣ ва ғайри моддӣ нақши муайянкунанда дошта, хеле муҳим арзёбӣ мегарданд. Ин ҷараён дар ҳамбастагӣ бо ҳаракати табиию иҷтимоии инсон, дар маҷмӯъ арзишҳои таъсисёбии ҳаёт ва бозтавлиди ҷараёни такрористеҳсоли муносибатҳои ҷамъиятиро ифода карда метавонанд.
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ доир ба проблемаҳои тараққиёти демографӣ ва танзими оила аз 20 феврали соли 2002 бармеояд, ки таносуб дар тараққиёти истеҳсолоти моддӣ ва низоми нуфуси аҳолӣ ҳолати воқеии сатҳи пешравию тараққиёт ва ояндаи тамоми кишварҳо мебошад. Мазмун ва моҳияти чунин нуктаи муҳим дар робита ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маълумоти оморию демографии давоми даҳ соли охир зимни таҳлил қарор дошт. Дар ин давра афзоиши аҳолии мамлакат қариб 14%-ро ташкил медод. Вале дар ҳамин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 64% кам гардида буд. Истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти умумии дохилӣ ба ҳар нафар мутаносибан қариб се баробар коҳиш ёфтанро дар бар мегирифт. Маҳз ҳамин иқдоми саривақтӣ буд, ки дар робита бо таъсис ёфтани маълумотҳои оморӣ стратегияи таъсисёбӣ ва такрористеҳсоли арзишҳои моддию маънавӣ, алоқамандии онҳо ба боигарӣ ва муаммоҳои демографии кишвар мавриди таҳлил ва баҳодиҳии ҷорию ояндабинӣ қарор дода шуданд. Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2015 дар ҳамоҳангӣ бо дигар ҳуҷҷатҳои барномавии давлатӣ фазои мафкуравиеро таъсис доданд, ки мавқеъ ва афзоиши аҳолӣ, амалиёт ва мушоҳидаҳои махсусгардонидашудаи ҷараёнҳои таркиби демографӣ моҳиятан таваҷҷуҳи махсус пайдо намуданд. Мардум, аз хурд то калон, акнун ҳис менамуданд, ки оила ва оиладорӣ ин ҷараёнгирии ҳолатҳои оддӣ набуда, аз ҳама ҷиҳат моҳиятан тақозои танзими воқеиро доранд. Мунтазам фаҳмида гирифтани зарурати саводнокии оила ва оиладорӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа муҳим гардида, оғози босуботи он ба ҳаёти ҷомеа талаботи наверо, ки ба пойдории ҷомеа мусоидат менамояд, ба миён гузошт. Мардум дар ин самт имкониятҳои бо тарзи нав дарки ин масоилро азхуд намуданд. Фаҳмише пайдо шуд,ки дар ташаккул додани ҳайати оиладорӣ, вазъи иқтисодӣ, маълумотгирӣ ва солимии аъзои хонавода пайгири ин арзишҳои тозабунёду тозаэҷоданд, ки чун раванди асосӣ ба устувории оилаҳо ва назму низоми ҷомеа бурда мерасонанд. Ҳамин тавр, кор ва фаъолият дар ин самт дар устувор гардонидани рушди ҷомеа ва пойдории оилаҳо дар заминаи маърифати баланди ватандорӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар ҳар як хонадони тоҷик таҳаввулоти дигареро ба миён овард. Имрӯзҳо ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки сарфи назар аз таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаем. Чӣ тавре аз нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бармеояд, дар давоми солҳои 2008 ва 2014, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 17,7 млрд.сомонӣ то 45,6 млрд. сомонӣ афзоиш ёфта, зиёда аз 2,57 маротибаро ташкил медиҳад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 2468,3 то 5522,7 сомонӣ расида, суръатнокияш 2,237 маротибаро ташкил дод. Бо ҳамин гуна майли суръатгирӣ, заминаҳои иқтисодию молиявие ташаккул ёфтанд, ки дар ҳамин давра яке аз нишондиҳандаҳои муҳими вазъи солимӣ дар ҷомеа, дарозумрии эҳтимолӣ дар мавриди таваллуд (миқдори сол) ба 1,662 % афзуда, 73,4 солро ташкил дод. Бо назардошти дигар нишондиҳандаҳои муҳим, аз қабили паст гардидан ва коҳиш ёфтани камбизоатӣ дар мамлакат аз ҷумлаи натиҷаи рушди иқтисодӣ, таъмин гардидани суботи макроиқтисодиву иҷтимоӣ ва суботи зиндагӣ ҳамчун фишурдаи майли демографии мардумӣ арзёбӣ шуда метавонад. Дар ҳамин замина, баҳодиҳии дараҷа ва динамикаи рушди сифати инсонӣ ҳамчун қувва ва захираи меҳнатӣ барои пеш гирифтани ободии кишвар роҳандозӣ шуд. Самти батанзимдароварии паҳлӯҳои муҳими ҳаёти мардуми кишвар, алалхусус таъсисёбии шароитҳои захиравии пуршиддат, тақозои самаранок ба роҳ мондани чорабиниҳои мусоидгардонии вазъи демографиро барои тамоми сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба миён овардааст. Алалхусус, агар ҷиҳатеро ба эътибор гирем, ки тавассути таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум вазифаи ҳалкунанда ҳисобида мешаванд. Шахсони ваколатдори ин соҳаҳои ҳадафнок бояд дар татбиқи сиёсати давлатии демографии кишвар мавқеи ташаббускорӣ, созандагӣ ва намунавиро бештар ба роҳ монанд. Масъулон, кормандон ва намояндагони тамоми соҳаҳои марбутаи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ бояд дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти муҳим будани сарфаю сарфакорӣ тавре пеш гиранд, ки муҳтавои истиқлолияти энергетикӣ ва истифодабарии об, истиқлолияти коммуникатсионӣ ва бехатарии озуқавӣ ба таври интегратсионӣ ҷараён гиранд. Ҳамаи ин дар робита ва бо дарназардошти талаботи ҳифзи муҳити экологӣ ва шароитҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи майли демографии ҳар як истеъмолкунандаро пайдо карда метавонад. Дар пеш гирифтани самтҳои фаъолият ва пешравӣ барои тамоми мамлакат ва ҳар як хонавода маҳаки муайянкунандаи майли демографӣ, ин пеш гирифтани танзим, адлу инсоф, ба роҳ мондани кор ва муносибати самаранок дар тамоми самтҳо: иқтисодию молиявӣ, маориф, илм ва фарҳанг мебошанд. Табиатан мо- тоҷикон, барои тамоми ҷаҳониён бо майлгирии худ дар амалҳоямон бояд ҳамчун намунаи ибрат барои оқилона истифодабарии захираҳои бемаҳдуд дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ бошем. Ҳамин тавр, ҷараёни нави тараққиёти демографӣ ҳамчун низоми пешравӣ ва фишангҳои таъмини идоравӣ барои тамоми соҳаҳои фаъолият пешниҳод гардидааст. Масъулони сохторҳои хоҷагии халқи кишварро бо маҳак ва нишондодҳое таъмин менамояд, ки барои корҳои ҷорӣ ва вазъияти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла гидроэнергетика, захираҳои об, нақлиёту роҳсозӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, амнияти бехатарии иҷтимоию иқтисодии кишварро бо тамоми паҳлӯ ва нозукиҳои ҳифзи муҳити зист, экология ва тағйирёбии иқлим дар бар мегирад. Зеро пешбурди мамлакат дар роҳи ҳадафҳои стратегӣ маҳз аз таъмини вазъи самараноки демографӣ вобастагӣ дорад. Саъдихоҷа Маъдиев, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи суғуртаи ДМИТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.