Троллейбусҳои интернетии Душанбе24-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 300 нафар
Назарҳо: 0
![]() Як сол пеш ширкат баробари нақлиёти ҷамъиятӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тарҳи “Beeline Wi-Fi Free” ба роҳ монда буд. Он вақт танҳо барои мусофирони 10 автобуси хатти сайри 8 ва 18 интернети бепул дода шуд. Ҳоло дар маҷмуъ дар Душанбе 20 автобусу 10 троллейбус бо WiFi-и бепул таъминанд. Константин Колесов, мудири кулли “Билайн” дар Тоҷикистон зимни муаррифии ин барнома ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар арафаи таҷлили 10-солагии таъсиси шикрати ҶДММ «Таком» тасмим доранд, ин тарҳро берун аз пойтахт низ ба роҳ бимонанд. Мо ин корро дар дигар кишварҳо иҷро кардем ва мехоҳем дар Душанбе низ шаҳрвандон аз хизматрасонии мо баҳраманд бошанд, хулоса менамояд К. Колесов. Лоиҳаи иҷтимоии “Beeline Wi-Fi Free” ҳамчун таъмингари имконияти дастрасии пройгон ба интернет буда, баробари 30 адад нақлиёти мусофирбар ва Фурудгоҳи Душанбе, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ насб шудааст, ки донишҷӯён дар вақтҳои фориғ аз таҳсил аз он истифода мебаранд. М. Маҳмудов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.