Шарифзода Шариф Файз вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд интихоб гардид24-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Мувофиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд санаи 19 июн дар ҳавзаи интихоботии № 19 «Дониш» ба ҷойи вакили хориҷшуда интихоботи миёндаврӣ барои интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Дар хавзаи мазкур ду нафар номзад ба вакилӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Мувофиқи қарори ҳавзаи интихоботии мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ва мудири боғчаи бачагонаи № 33 Муаттара Мамадҷонова ба рӯйхати овоздиҳӣ ворид карда шуда буд. Чуноне, ки масъулини ҳавзаи интихоботии мазкур маълумот доданд, рӯзи гузашта дар ин ҳавза интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланди фаъолнокӣ доир гашта, бештар аз 90% сокинон-интихобкунандагон ширкат намуданд. Тибқи маълумоти сарчашмаи зикргардида бо 86,4% интихобкунандагони дар овоздиҳӣ ширкат дошта ба тарафдории иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз овоз доданд. Бо Қарори ҳавзаи интихоботии № 19 «Дониш» Шарифзода Шариф Файз вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб гардид. Лозим ба қайд аст, ки дар ҳавзаи мазкур 2 ҳазору 20 нафар шаҳрвандони интихобкунанда ба қайд гирифта шуда буданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.