Вохӯрии вакил бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Восеъ-2623-09-2015, 09:48
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Восеъ-26 дар ҷамоатҳои деҳоти Гулистон ва ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ, бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуд.
Аҳмадҷон Ализода зимни вохӯрӣ ба масъалаҳои риоя гардидани талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ёдовар шуда, хиёнаткориву рафторҳои зишти собиқ муовини Вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо ва ҳаммаслаконашро маҳкум намуд. Инчунин иштирокдорони вохӯриро даъват намуд, ки ба корҳои таблиғотӣ вусъат бахшида, шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пешгирӣ намоянд. Аҳмадҷон Ализода аз ҷонфидоиву қаҳрамонии зодаи ноҳияи Восеъ, сардори воҳиди махсуси зиддитеррористӣ полковник Рустам Амакиев ёдовар гардида, даъват ба амал овард, ки ҳамаҷониба ба хонаводаи чунин қаҳрамонон, пирону барҷомондагон ва ниёзмандон дасти ёрӣ дароз намоянд ва кӯмакҳои моддиву молиявии хешро дареғ надоранд. Дар фарҷоми вохӯрӣ Аҳмадҷон Ализода ба ҳамаи вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ шаҳодатномаҳои вакилии онҳоро супорид. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.