Созандагию бунёдкорӣ аз Ваҳдат аст21-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Бохтар бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ корҳои созандагӣ ва ободонӣ бо маром идома доранд. То имрӯз дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия даҳҳо адад мактабу муассисаҳо, коху ҷойҳои истироҳатӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ қомат афрохта истодаанд.
Сохтмони бинои Донишгоҳи энергетикӣ дар ҳудуди шаҳраки Бохтариёни ноҳия босуръат идома дорад. Имрӯзҳо бо мақсади сари вақт ба анҷом расонидани бунёди ин иншооти замонавӣ фаъолон ва ҳизбиёни ноҳия аз тамоми шароиту воситаҳо самаранок истифода бурда истодаанд. «Созандагию бунёдкорӣ аз Ваҳдат аст», - зери ин шиор корҳои созандагию бунёдкорӣ тарҳу симои ноҳияро рӯз то рӯз ободу зебо намуда истодааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.