Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гузаштаро наомӯхта, ҳаргиз имрӯзаро сохта наметавонем

Гузаштаро наомӯхта, ҳаргиз имрӯзаро сохта наметавонем

18-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 395 нафар
Назарҳо: 0
Гузаштаро наомӯхта, ҳаргиз имрӯзаро сохта наметавонем
Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии ҲХДТ дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Аксияи китоби «Тоҷикон» дар оинаи таърих» дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳр идома дорад.

Чунин як чорабинӣ дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир гардид.

Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоии мазкур, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр дошт, ки мақсаду мароми ассосии Аксияи мазкур арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон, ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дӯст доштани Ватан, ҳифзи марзу буми Ватан, далериву мардонагӣ, ваҳдати миллӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст омадани дастовардҳои даврони истиқлолият мебошад.

Номзади илмҳои филологӣ Хайринисо Темурова зимни маърӯзаи худ қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои хеш гуфта буданд: «Гузаштаро наомухта, ҳаргиз имрӯзаро сохта наметавонем». Аз ин хотир барои шинохти миллати хеш ва аз таъриху тамаддуни он огоҳ будан вазифаи ҷонии ҳар як мо мебошад. Мо аз китоби пурарзиши «Тоҷикон»-и Бобоҷон Гафуров огоҳии комил дорем. Ин китоб моро ба сайри таърихи дуру дарози миллатамон мебарад. Аммо китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ба қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таалуқ дорад, бо диди нав, назари хосса ба қалам дода шудааст, ки дар сароғози ин шоҳкитоб омадааст:

«Ба ҳама маълум аст», ки тоҷикон халқи ориёиасл буда, аз қадимулайём сокинони аслии Осиёи Марказӣ мебошанд. Ва таърихи онҳо бо таърихи кулли мардуми эронинажод пайванди ногусастанӣ ва решаи қавӣ дорад, Ин таърих хеле пурпечутоб буда, тобишу паҳлӯҳои гуногуни он ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст. Аммо як нукта маълум аст: саропои ин таърих аз хуни фарзандони озодипараст ватандӯст ва ғаюру маърифатпарвараш гулгун аст».

Номзади илмҳои таърих Мӯътабар Ғозиева дар бораи нақши тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ суханронӣ намуда, дар такя ба китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» иброз дошт, ки бисёриҳо пайдоиши миллати тоҷикро ба замони Сомониён рабт медонанд. Аммо Сарвари муааззами мо бо мисолҳои воқеъбинона исбот кардаанд, ки тоҷикон таърихи беш аз 5 ҳазор сола доранд ва инро дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» исбот кардаанд. Мавсуф дар идомаи маърӯзаи худ дар бораи ҳунари барзгарӣ, сангтарошӣ, табибиву савдогарии тоҷиконро дар аҳди қадим ёдовар шуда, дар ин замина нақши «шоҳроҳи Абршим»-ро дар такомули хунари тоҷикон нек арзёбӣ намуд.

Сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш» Абдусабур Абдуваҳҳобов зимни суханронии худ қайд кард, ки ҳадаф аз навиштани китоби мазкур ин пеш аз ҳама дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли имрӯзу оянда мебошад. Бояд ҳар як тоҷик асли худро шиносад. Ва беҳуда ҳам нест, ки ин шоҳкитоб бо чандин забонҳои олам тарҷума шуда, ба ҷаҳониён аз қадимӣ ва дорои фарҳангу тамаддуни бой доштани тоҷикон ҳушдор медиҳад.

Дар фарҷом директори донишкада аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки дар рухсатии меҳнатӣ китобро ба пуррагӣ мутоила намуда, ҷаҳони маънавиёташонро ғанитар намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: