Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунёст

Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунёст

18-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунёст
Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол комилан бар онем, ки ҷашни муқаддаси миллат-Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки барои ба он расидан аз ҳама беш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми хирадмандонаву оқилона гузоштааст, тантанаи ҳақиқии ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз мебошад.

Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.
Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонд.

Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнатӣ фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Перезиденти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи неку устуворона қадам мегузорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: