Ҷаласаи ситоди ноҳиявии Обуна – 201716-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба масълаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ барои соли 2017 корҳо оғоз гардида, ситоди ноҳиявии «Обуна - 2017» таъсис ёфт. Зимни нахустҷаласаи он раиси ситод Зокиров Д. М. таъкид кард, ки тамоми дастурҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва фаъолияти ҳизбиёни ҷумҳуриву вилоят асосан дар нашрияҳои «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» инъикос меёбад, ки барои бохабар шудан аз онҳо ҳар яке аз аъзои ҳизб бояд ба ин рӯзномаҳо обуна шавад. Қайд гардид, ки дар мувофиқа бо Раиси ноҳияи Мастчоҳ Азиззода Ғ. М. меъёри тақсимоти обуна ба «Сухани халқ» ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ирсол гардида, алакай баъзе аз ташкилоти ибтидоӣ пурра уҳдадории обунаро иҷро кардаанд. Корҳо дар ин самт бомаром идома дошта, то имрӯз дар департаменти Почтаи тоҷик дар ноҳияи Мастчоҳ ба 32 нусха «Сухани халқ» обуна шудаанд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.