Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон

Арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон

16-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон
Дар саҳни коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки тамоми аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, ҷавонон ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид. Мақсаду мароми асосии Аксияи мазкур арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон, ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дӯст доштани Ватан, ҳифзи марзу буми Ватан, далериву мардонагӣ, ваҳдати миллӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст омадани дастовардҳои даврони истиқлолият, тарғиби дигар ғояҳои пешқадам, ки дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» таҷассум гардидааст, мебошад, китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» номаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик мебошад.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, мудири шуъбаи иттилоотӣ ва таблиғотии КИВ ҲХДТ Ҳоҷиев Фирдавсҷон иштирок ва баромад намуда, оид ба моҳияту мароми Аксия дар назди иштирокдорон суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба қадр намудани китоб, дӯст доштани он, хондани китобҳои гуногуни бадеӣ даъват карданд.

Намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳо оиди таърихи миллати точик, барои иштирокдорон пешниҳод гардид ва онҳо шинос шуданд.
Арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон
Гурӯҳи донишҷӯён дар васфи китоб, механпарастиву ватандӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ шеърҳо хонданд. Сипас, дар асоси барнома санъаткорони бахши фарҳанг ва ҷавонони фаъоли ҲХДТ-и шаҳр баромад намуда, хотири иштирокчиёни аксияро шод гардонид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: