Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чорабиниҳои сиёсию фарҳангии «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фархор

Чорабиниҳои сиёсию фарҳангии «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фархор

16-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Чорабиниҳои сиёсию фарҳангии «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фархор
ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фархор дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дигар бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои сиёсию фарҳангиро ташкил намуда, гузаронида истодаанд.

Аз ҷумла, дар деҳаҳои дурдасти ҷамоатҳои деҳоти ноҳия чорабиниҳои фарҳангию солимгардонӣ таҳти унвони «Корвони Ваҳдат» аз 7 июн то 21 июни соли ҷорӣ, дар маркази шаҳраки ноҳия чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми Ваҳдат» аз 7 июн то 26 июни соли ҷорӣ аз тарафи ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия рафта истодаанд.

Инчунин, озмуни фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Пайванди оила бо Ватан» бо ҷалби оилаҳои намунавии деҳот ва баргузории вохӯрию мулоқотҳо бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар мавзӯи «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ ва пойдории Ваҳдати миллӣ» аз 6 июн то 25 июни соли равон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия рафта истодаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: