Ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ13-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 407 нафар
Назарҳо: 0
![]() Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Қаробоева С. зимни баромад афзуд, ки аъзоёни ҳизбамон дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд. Яке аз маъракаҳои муҳим барои ҳизбиён ин обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ мебошад, ки дар ин самт ноҳиятаи ду соли охир дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи обунаро иҷро намуда истодааст. Барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил намудани маъракаи обуна, ситоди ноҳиявии обуна таъсис дода шуд. Баъдан нисбати дастгирии сохтмони бинои ҲХДТ дар ноҳия, ки дар арафаи анҷомёбист, сухан намуд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, раиси ташкилоти ибтидоии ширкати сохтмонии Рахшона Мамадҷонов Ш, раиси ташкилоти ибтидоии шӯъбаи хизматрасонӣ Самиев К, раиси ташкилоти ибтидоии маорифчиён Бегматов Н. зикр намуданд, ки ҳизбиёни ноҳия аз рӯзҳои аввали сохтмони бинои мазкур дар паҳлӯи Кумитаи иҷроия буда, дастгирии онҳо ҳамарӯза мушоҳида мегардад, ки ин аз сарҷамъиву муттаҳидии аъзои ҳизб дарак медиҳад. Ва ташаббус намуданд, ки музди маоши якрӯзаи хешро барои дастгирии сохтмони бинои маъмурии ҲХДТ мегузаронанд. Ин иқдоми некро фаъолони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ якдилона дастгирӣ намуданд. Раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизӣ дар назди ҳозирин дар бобати сохтмони бинои ҲХДТ, саҳми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, шахсони саховатмандро низ махсус таъкид намуд. Қайд карда шуд, ки аъзоёни ҲХДТ ва ҷонибдорони он имрӯзҳо садоқату вафодории худро дар муттаҳидӣ, созандагӣ ва ободонии ноҳия исбот намуда истодаанд. Ҳамин тариқ, маҷлиси Кумитаи иҷроия дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷараён гирифта, нисбати масъалаҳои муҳокимагардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.