Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист9-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 210 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар толори тобистонаи боғи фарҳангӣ –фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Қӯрғонтеппа Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинии мазкур узви ҲХДТ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Маҳмадсаид Зуҳуров, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Назаров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоят ва собиқадорони соҳа ширкат доштанд. Сараввал масъулин аз намоиши дастовардҳои мактаббачагон ҷиҳати ҳифзи табиат дидан намуда, баъд бо сухани табрикотӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Шамсиддин Раҳимов чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. Инчунин дигар иштирокдорони чорабинӣ низ ҳамагонро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист шобдош гуфта, оид ба пешгирии амалҳои номатлуб нисбат ба табиат ва муҳити зист, самараноку оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва ҳифзи он суханронӣ карданд. Дар ин радиф Аҳмадҷон Ализода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон кормандону собиқадорони соҳаро ба рӯзи идашон табрик гуфта, ба онҳо Ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақдим намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.