Омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»8-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 450 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми сунатҳои миллии мардуми ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ Аксияи омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар коллеҷи омӯзгори бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон аз рӯи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» гузаронида шуд. Дар вохӯри директори коллеҷи омӯзгори Бердиев Д. кайд намуд, ки озоди ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату хувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идиалу ормонҳои таърихи, шиносномаи байналмилали, замонати ҳастии воқеи ва шарофату эътибори ҷаҳонии миллат аст. Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол бо осонӣ ба даст намеояд, мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на чандон дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намуданд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва асили худро аз даст доданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Ашӯров Р дар баромади худ таъкид кард, ки дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ризоияти милли монеаҳои бартарафнашаванда қариб вуҷуд надорад. Ба шарте ки дар мадди аввал манфиати миллат, манфиати давлат ва манфиати кули сокинони Ҷумҳурӣ қарор дошта бошад. Расидан ба сулҳу салоҳ ва ризоияти милли хидмати халқи тоҷик ва мардуми табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвари Тоҷикистон хеле бузург аст. Онҳо дар лаҳзаҳои басо ҳассос ва тақдирсоз сиёсати сулҳпарваронаи роҳбарияти мамлакатро пуштибонию дастгири намуда, меҳнати ҳалолу зиндагии осоиштаро аз ҳама гуна ҷангу сангаргириҳо ва адовату душмани афзалтар донистанд. Маҳз азму иродаи қавии халқи тоҷик ва фарзандони бедордилу дурандеши ин сарзамини бостони буд, ки сулҳу ваҳдат ва якдилию ҳамдигар фаҳми тантана кард ва сулҳу созиши миёни тоҷикон чун таҷрибаи нодиру пурарзиши Фарҳанги сулҳ дар ҷомеаи ҷаҳони этироф гардид. Дар фарҷоми чорабини данишҷӯи коллеҷи омӯзгории ноҳияи Зафаробод Амонова О баромад намуда қайд кард, ки ҳар як шахсе, ки худро шахси бо фарҳанг меҳисобад, бояд таърихи халқи худро ва забони ӯро бидонад, вагарна дониши ӯ дар соҳаи тамаддуни умумиинсони нопурра хоҳад буд. Дар китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» консепсияи нави тафаккури таърихи пешниҳод шудааст, ки моҳияти он аз нигоҳи нав аниқ омӯхтани таърихи халқи тоҷик мебошад.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.