Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бунёди боғот - файзи истиқлолият (очерк)

Бунёди боғот - файзи истиқлолият (очерк)

8-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 613 нафар
Назарҳо: 0
Бунёди боғот - файзи истиқлолият (очерк)
Ба ифтихори 25-солагии
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Булбули ошиқ, ту умр хоҳ, ки охир
Боғ шавад сабзу шохи гул ба бор орад.
Ҳофиз


Ба муқоисаи солҳои пешин панҷаҳои нарми арӯси сол барвақттар дари моро кӯфт. Замин саросема аз хоби зимистон бедор мегашту фасли дай дар арафаи иди Сада ноилоҷ ҷойгаҳи худро барои Наврӯзи олам холӣ мекард. Инро дар дараи Алмосии Ҳисори зарнисор хурду калон мушоҳида мекунад. Зардгул ранги заррини Офтобро ба варақҳои нозукаш бардошта аз Замин сар бардоштаасту бойчечак бо чеҳраи рангинаш аллакай пуштаҳоро пӯшонда. Майсаҳои гандуму ҷав, алафҳои худрӯй ҷомаи сабзи ҳаёти навро ба тани замин талоши пӯшондан дорад.

На танҳо мардуми деҳаҳои гирду атроф, балки аз дигар маҳаллаҳои Ҳисори куҳантаърихи тозабунёд аз дуроҳаи теппаи Бобосурхон ба сӯйи деҳаҳои Наврӯзию Алмосӣ ва Сангчашмаю Ҳофизкада шитоб доранд. Онҳо бо чашми худ мебинанд, бо ҳастии худ эҳсос мекунанд, ки чӣ тавр аз баландию гирду атрофи мавзеи Пушти Газа насими теппаи Ғарав аз тани бодоми ғарқи гул мебӯсаду ба муғчаҳои гелосҳои деҳаи Алмосӣ нафаси гарм ҳадя мекунад.

Дар ин макон боғ бунёд мешавад. Боғи нав. Боғ дар заминҳои лалмӣ. Боғи гелос. Гелоспарварӣ дар ин ҷо машғулияти нав нест. Ин дарахти шаҳдовар дар назди ҳар ҳавлӣ нашъунамо меёбад, аммо ба қавли бошандае “барои тармевагӣ”. Шуғли асосии аҳолӣ бошад ангурпарварист.

Барои шоҳиди бунёди боғ шудан ва истиқболи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як рӯз пеш ба деҳаи Алмосӣ омадем, то ки бо хотири ҷамъ, бе саросемагӣ, дар вазъи ором дар ин маърака иштирок намоем, ақаллан ниҳоле шинонем ва ё шоҳиди ин тантана шавем.

Дар ҳавлии дӯстамон Акбар падарашро машғули токбурӣ дарёфтем.

- Ҳар сол моҳи март ток қаламча мекардем. Имсол аллакай навдаҳо нарм шудаанду агар таъхир кунем, ба обдиҳӣ сар мекунад,-посухи саволи ҳанӯз аз даҳонамон набаромадаро мешунавем аз сарвари оила Абдуқаюм.

Дар паси баландии тарафи офтоббарои ҳамин деҳа боғ бунёд хоҳад шуд.

Пешвои миллат, Президенти кишвар дар ин мавзеъ ниҳоли аввалинро шинонда, бо дуои бунёдкоронааш ба бунёди боғ асос мегузорад.

Агар ба таърихи халқамон як назари иҷборӣ андозем, аз саҳфаи муқаддаси он маълум мешавад, ки боғдорию боғкорӣ аз қадимулайём пешаи дӯстдоштаи халқамон ва амали сарварони дурандешамон будааст. Муаррихони юнонӣ бо ҳавас ва ибрат аз боғдорию боғкориҳои даврони Ҳахоманишӣ дар асарҳои худ то ба мо ахбор расонидаанд. Боғ чун нишонае аз ҷаннати Худованд дар асарҳои адибонамон васф карда шудааст.

Дар ин рӯзҳои баҳорӣ, айёми бунёди боғи нав дар Ҳисор байти ҳазрати Рӯдакӣ пеши назар меояд, ки гуфтааст:

Омад он навбаҳори тавбашикан,
Парниён гашт боғу барзану кӯҳ.

Оре, ин макон, ин мазраа, ин пуштаи кӯҳҳо баъди чанде ба мулки биҳиштосо, ба сарзамини ҳариру ҳосилдеҳу ризқафзои мардум хоҳад шуд.

Субҳи 25 феврали соли 2016. Насими сарди қаторкӯҳи Ҳисор аз ҷониби кӯҳи Сепоя ва Тахти Сулаймон ҳашаракиҳоро истиқбол мегирад. Пиру барно, зану мард, сари китфи гурӯҳе бели дар шуои нурҳои субҳгоҳон яллақосзананда, рӯйи дасти гурӯҳе Парчами давлати тозаистиқлол парфишон ба ҳашаргоҳ мешитобанд. Қисме мошинсавору гурӯҳи ҷавонон асптозон дар атрофи замини интизори ниҳолҳои пурумед бо шодию қаноатмандӣ ҷавлон мезананд.

Дар саргаҳи майдоне, ки аҳолӣ “Замини Себи Салоҳ” ном кардаанд ва ин қитъаи имрӯз подачару бесеб аз замони себкориву боғдории деҳа фақат номаш нишона, бо Ғафуров Маҳкам рӯ ба рӯ омадам. Дирӯз такяи асо ин ҷо дида будам ӯро, ҳоло бошад, бо қомати расо маҳкам-маҳкам қадам зада ба сӯйи Нишебии Бодом мерафт. Суҳбатамон сарироҳию ҳамроҳӣ буд. Бобои Маҳками ҳаштодсола ҷавони ҳузарбе метофт ба назарам он субҳи содиқ. Сабаби бе асо омаданашро дарк кардам: аз дигарон қафо мондан намехосту илҳоми ин иқдоми наҷиб қувваи наве барояш эҳдо карда буд. Барои қӯр гирифтани суҳбат шарҳи номи мавзеъро пурсидам.

- Раҳматӣ Салоҳ ин ҷоро себзор карда буд. Солҳои баъди ҷанги ватанӣ буд. Ҳоло аз он боғ нишона чанд тана себи пӯсида дар байни подачаро мондаасту халос.

- Номаш моднааст-ку.
- Аз нек боғ монаду аз бад доғ,- посухи файласуфона шунидам.
- Акнун гелосзор мешавад,-луқма партофтам.

- Ҳа, шукр ки мева фаровон мешавад. Ман чилу ду сол дар ҳамин деҳаю колхозу совхоз бригадир, ҳисобчӣ будам. Гандуму ҷав мекоштем дар ин заминҳо. Ғайрат кунад, 8-9 сентнерӣ ҳосил медод. Он ҳам бошад, ба боду ҳаво вобаста буд. Барои коҳаш гӯё мекиштем. Агар ин ҷоҳо гелосзору себу олузор шавад, ҳам мева мешавад, ҳам хошок. Ин акнун ба ғайрати худамон вобаста. Ҷаноби Олӣ боз чӣ кор кунад? Тамоми шароитро муҳайё кардааст. Меҳнат куну роҳаташро бин.

Дирӯз бо пири кор, мӯйсафеди 105-сола, собиқ раиси колхози “Роҳи Ленин”, дар вақташ депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Карим Рашид суҳбати тӯлоние доштам. Ин марди дар набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонбозӣ кардаю маҷрӯҳ ба Ватан баргашта ва минбаъд солҳои дароз ба хоҷагӣ роҳбарӣ карда мавзеи боғи навро дида гуфта буд:

- Ин замин ба ибораи деҳқонӣ замини фалла аст. Фалларо медонед?

Баъди ишораи хабардориам аз маънои ин калима, давом дод ӯ ба суханаш:

- Замини ин ҷо чунон нарму тоза аст, ки барои мехкӯбӣ мардум санг намеёбад. Пеш дӯлоназор буд. Куҷое, ки дӯлона ё қамиш рӯяд, гарчи чашмаю нишонае аз об надорад, заминаш бо об таъмин аст. Дар вақташ ин замин 96 гектар буд. Ҳоло камтар мондааст. Аз гӯшааш барои аҳолӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардаанд. Ҳо, он замини пушти Уштурхона, ки Қурбон Неъматзода боғи олу карда истодааст, 40 гектар буд. Ин гуна заминҳо дар гирду атрофи деҳаҳои Сайидон ва Лойобу Бобосурхон, Кӯрпаию Шанбарӣ, умуман дар ҷамоати Алмосӣ бисёранд. Мо дар вақташ дар атрофи деҳаи Шанбарӣ зинабоғ бунёд карда будем. Ҳосили хуб медод. Баъд колхозро совхоз карданд, ин кашмакашҳо сар шуд, корҳо нимкола монданд.

Пири кор ба синну соли муборакаш, ки расидан ба он орзуи ҳазорон фард аст, нигоҳ накарда бо қувваи ҳофизаи қавиаш аз гузашта, аз пасту баландиҳои роҳи ҳаёт, амалу заҳмат, аз бурду бохташ, аз зиндагии ҳамдиёронаш қисса мекунад ва шукргузор аст, ки умри азизаш сарфи ободонии диёр шуд. Ӯ аз замони оромию тинҷӣ, аз сулҳу салоҳ, аз доди Худованд, ки ба сарварии кишвар марди ватандӯсту миллатпарварро овард, шукрона мекунад.

Чанд рӯз инҷониб ҳашари аҳли диёр давом дорад. Барои бунёди боғ омодагӣ мебинанд мардум. Мутахассисони танзими замин мусаллаҳи асбобҳои махсус мавқеи шинондани ниҳолҳоро муайян мекунанду деҳқонон барои шинондани ниҳолҳо мағок-чуқурӣ мекананд, аҳли деҳу саховатпешагон таом омода месозанд, ҳунармандон барои табъи мардумро болида доштан сурудҳои хиргоҳӣ месароянд.

Ин дараи Алмосӣ монанди арӯсон аст,
Ҳар ошиқи дилбохта дар ин дара меҳмон аст,

- шираи овози Ҳунарпешагони халқӣ ва шоистаи Тоҷикистон Комиҷон Ғанӣ ва Искандар Боев танинандози майдон аст.

Ин субҳ бошад ҳанӯз Офтоб набаромада аллакай майдон аз мардум лабрез буд. Ҳар деҳқоне, ки дар ин мавзъ замин дошту хоҷагии деҳқонӣ, сари заминаш бо ниҳолҳои барояш ҷудошуда интизори роҳи Пешвои миллат буданд.

Гелосу олу, току себзори ин маҳал давоми боғкориҳои даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз аст. Аз воситаҳои ахбор дарёфтем, ки танҳо дар даҳ соли охир дар кишварамон беш аз 75 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд шудааст. Дар ин раванд шаҳри Ҳисор баробари дигар шаҳру ноҳияҳо қадам мезанад. Дар варақи хотироти мардум амалҳои паёпайи боғкориҳои Пешвои миллат дар ин сарзамин бо хати заррин нақш бастааст. Даҳ сол қабл аз ин дар мавзеи гардиши Шанбарӣ бо ибтикори ӯ боғи “15-солагии Истиқлолият” бунёд ёфт, ки имрӯз гелосу олу, зардолую шафтолуи он коми мардуми Русияю Чин, Афғонистону Покистонро шаҳдбор месозаду дастархони халқамонро рангину пурбор.

Соли 2013 бошад ниҳоли аввалини боғи “3000-солагии Ҳисор”-ро Сарвари давлат шинонда дастур дод, ки ба муносибати ин ҷашни муборак дар водии Ҳисор 3000 гектар боғу токзор бунёд карда шавад. Дарвоқеъ, заминҳои талу пуштаҳои ин водӣ ва махсусан шаҳри Ҳисор барои сабзонидани боғот шароити мусоиди табиӣ дорад ва мардуми меҳнатқарини он дар тӯли таърихи дароз аз ин имконият бо қадри тавон истифода бурдаанд. Танҳо дар даҳ соли охир дар шаҳри Ҳисор 3096 гектар боғу токзор бунёд шудааст ва масоҳати умумии боғоти шаҳр имрӯз 8488 гектарро ташкил медиҳад. Инконияти васеъ додан ба шаклҳои гуногуни моликият шароит фароҳам овард, ки аҳолӣ дар давоми даҳ соли охир дар заминҳои худ 2181 гектар боғу токзор бунёд намояд. Имрӯзҳо, ки роҳбарияти мамлакат ин равандро дастгиру пушту паноҳ аст ва заминаи ҳаёти осоиштаро таъмин кардааст, мардум бо илҳоми саршору завқи беканор аз пайи амалӣ кардани ин ташаббуси наҷиб ҳастанд. Дар раванди ин ташаббуси Ҷаноби Олӣ аз соли 2016 то соли 2020 дар шаҳри Ҳисор беш аз 4000 гектар боғу токзори нав бунёд хоҳад шуд.

Аз сатрҳои пешин пай бурдед, ки боғи нав дар мавзеи кӯҳистон бунёд хоҳад шуд. На танҳо боғ бунёд мешавад, балки бо шакли нав, бо усули тоза, бо дастгирии усули ҷадиди маблағгузорӣ ва дастгирии молиявию тарзи нави хоҷагидорӣ. Инсон ободкору ҷӯянда аст. Хоса, вақте ки озод асту ба ояндаи зиндагии худу пешравии давлаташ боварӣ дорад ва ба сарвараш эътимод. Мекобаду меёбад роҳҳои нави ободкуниро, фаровонсозии ризқашро. Ин боғ бо тарзи сармоягузории дарозмуддати манфиатовар бунёд хоҳад шуд. Ин шаклро дар илми иқтисодиёт иҷора ва ё лизинги молиявӣ мегуфтаанд. Ин калимаҳо чун истилоҳ ҳанӯз то саҳифаҳои луғати тоҷикӣ шарҳи пурра наёфта аст ва барои мардум моҳияти амали он то андозае нофаҳмост. Мутахассисони “Агоринвестбонк”-и мамлакат аз пайи фаҳмондани он ба ин мавзеъ омадаанд. Сарвари ин бонк, яке аз ҷоннисорони рушди боғу токпарварӣ Муродалӣ Алимардон бевосита ҳолати омодагии ҳар чуқурии ниҳолшинонӣ ва сифати ниҳолҳоро аз назар мегузаронад, ҳамроҳи сарвари шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода, сардори раёсати кишоварзӣ Абдусалом Ҳамдамӣ, раиси Ҷамоати деҳоти Алмосӣ Фарҳод Ҳикматов бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат меороянду аз пайи фаҳмондани моҳияти масъала ҳастанд.

Муайян мекунанд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ миқдори зарурии ниҳолро дар заминҳои худ шинонда, дар асоси шартнома шаш соли аввал ғайр аз андози замин дигар намуди андоз намесупоранд. Аз соли шашум сар карда аз ҳосили ҳар ниҳол маблағи як килои ҳосили рӯёндаашонро барои қимати ниҳол мепардозанд ва солҳои минбаъда аввал маблағи ду кило, сипас панҷ килои ҳосилро ба бонк пардохта, соли даҳуми ҳосилдеҳии боғашон аз қарзи бонк озод шуда, минбаъд танҳо барои фоидаи худ машғул мешаванд. Ниҳолҳои барои кишт пешниҳодгашта ҳам аз ниҳоли гелосҳои маъмулӣ фарқ мекардаанд. Ин ниҳолҳои пайвандӣ бо усули бегонарешагӣ аз ҷониби олимони ватанӣ ва ниҳолпарварони маҳаллӣ барои боғдорӣ пайванд ва омода карда шудаанд, яъне бо пайванд кардани қаламчаи гелос ба кундаи ниҳоли муҳлаб (антипка) рӯёнида шудаанд. Ба ниҳоли муҳлаби хушбӯйи сафедгули тирреша, ки аз зоти дарахти олу аст, гелоси патакрешаро пайванд карда, гелосе рӯёнидаанд, ки ҳам тиррешаи қавӣ дорад ва ҳам дар сардию гармию камобӣ тобовару аз шамол тани худро ҳимоя карда метавонад. Ин навъи гелос матавонад то даҳ метр қад кашад ва то 200 сол мева диҳад.

Ҳам сифати ниҳолу ҳам тарзи корбарӣ барои деҳқони одӣ нав буд. Ҳар кас бо як шунидан ба моҳияти он сарфаҳм намерафт. Албатта, бархе маълумоте дар ин бора доштанд ва ба манфиатоварии он эътимод пайдо намуда буданд, аммо аз нигоҳу чеҳраҳои баъзеҳо ҳанӯз ҳисси нобовариро эҳсос мекард кас. Байни худ машварат мекарданду бо маънои ҳайронӣ китф бар ҳам мекашиданд.

Ҳамаи шубҳаҳоро ба назди деҳқонон омадану суҳбати самимии сарисаҳроии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз дилҳо дур кард. Фуруд омадани чархболи Пешвои миллатро дар болои теппаи Пушти Газа мардум бо хурсандӣ ва шиорпартоиҳои шукрона истиқбол гирифтанд. Шодбошию санохонии мардум ҳатто садои муҳаррики чархболро пахш мекард.

Як сухани собиқадори меҳнат, бибии фарҳангию меҳнатқарин Хурсандой Ҳайитова дар лаҳзаи пешвозгирии меҳмони олиқадр ҳозиринро хушҳол ва ба атрофиён таъсири амиқ расонд:

- Ҷаноби Олӣ, ҳангоми истиқболҳои Шумо мебинам, ки аксар вақт ҷавонон ва кӯдакон хайрамақдам мегӯянду гул тақдиматон мекунанд. Ин дафъа ман қасд кардам, ки аз номи модарону бибиҳо бо дастагул ба истиқболатон бароям. Ободкориҳоятон муборак, сарзамини зарнисори Ҳисор бо шарофати ташаббусҳоятон гулафшону ризқбахшо шудаасту дар оянда боз зебову ободтар хоҳад шуд. Хуш омадед, ҷаноби Олӣ!

Пешвои миллат ба назди мардум омада бе ягон коғази кӯмакрасон, аз сидқи дил суханронии пурмуҳтавое кард. Ҳар калимаи аз забони Сарвари давлат дар ин паҳнои саҳрои кӯҳистон садо дода, ҳар ҷумлаю дастурҳои ӯ дар дилу дидаи ҳашачиёну деҳқонон акси садои худро меёфт. Дар бораи имрӯзу ояндаи кишвар, таълиму тарбияи насли наврас, пок доштани дилу ният, сифати кору аҳаммияти бунёди боғот бо ҳарфҳои намакину шӯхиҳои дилрас, бо ҳарорат, бо боварӣ ва бо ҷасорати худододияш суханронӣ кард. Таъкид шуд, ки дар шаҳри Ҳисор дар давоми то соли 2020 дар майдони 3000 гектар боғу токзори нав бунёд карда мешавад. Барои содирот равона кардани меваҳои ин боғот махсус қайд карда шуд. Пешниҳоди Сарвари давлат дар бораи ба боғ додани номи “25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” аз ҷониби ҳозирин бо ифтихору хушнудӣ истиқбол гирифта шуд.

Ин ном инъикосгари воқеияти ҳаёт, ободонии кишвар дар тӯли чоряк асри даврони истиқлолияти давлатии ватанамон аст. Дар ин муддат корҳое анҷом ёфтанд, ки таърихи беш аз даҳазорсолаи давлатдории тоҷикон ёд надорад. Номбар кардани барқарории сулҳ, кушодани дар ба оламу оламиён, бунёди якпорчагии мамлакат, талошҳо барои истиқлолияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, муҳим аз ҳама баланд шудани дараҷаи зисти одамон кифоя аст, ки аз неъматҳои ҳамин даврони на чандон тӯлонии соҳибихтиёрии Тоҷикистон бе ягон шарҳу эзоҳ гувоҳӣ диҳад. Бунёди боғот, обод кардани мулк дар раванди ин истиқлолсозиҳои Сарвари давлат амалӣ шудаанду шуда истодаанд ва мешаванд.

Президенти мамлакат бо чеҳраи кушод, бо табассуми зебандаи симою қаду қоматаш ба назди истиқболкунандагон фаромада, аз байни ҳозирин бо пири кор Карим Рашид вохӯрдӣ намуд ва ҳамроҳи гурӯҳи мӯйсафедон чанд ниҳол шинонда, барои файзбахш шудани боғи нав ва барои ободии кишвар даст ба рӯ бурда дуо кард. Ҳамагон шоҳид буданд, ки пеш аз ҳама мӯйсафедон дар атрофи Пешвои миллат палелон буданду шукронаи ӯро мекарданд ва баъзеи онҳо таклифҳои наҷиб ҳам пешниҳод менамуданд.

Ҳафт пушти гузаштагонаш бо нони деҳқонӣ зиндагӣ ба сар бурдаю аз он обрӯ ёфта, Маҳмадшариф Шерзода ба Сарвари давлат изҳори андеша мекард:

- Ман бо заҳмати аҳли оила се фарзандамро соҳиби маълумоти олӣ кардам. Зиёрати хонаи Худо насибам шуду соли гузашта ба Байтулмуқаддас ҳам рафта омадам. Ҳоло бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Шумо ҳама чиз дорем. Ин ташаббуси Шумо оид ба бунёди боғ маро водор кард, дар як гӯшаи замини хоҷагии деҳқонии худам бо маблағи шахсии аҳли хонавода корхонаи мевахушккунӣ созам.

- Аз мо чӣ хизмат?-мепурсад Ҷаноби Олӣ.
- Як дуои кушоиши кор.

Баъдтар бобои Маҳмадшариф ба мо мақсадашро шарҳ медиҳад:

- Хуб аст, ки дар шаҳрамон барои беш аз 5000 тонна меваи тар сардхонаҳо сохта шудаанд, аммо дар зодгоҳамон садҳо баробари ин маҳсулот истеҳсол мешавад. Медонем, ки ҳангоми ба бозор баровардан, то ҳамон сардхона бурдан ҳазорҳо тоннаи он исриф мешавад. Барои гирифтани пеши исрофкорӣ ва ба тарзи хушк ба бозор баровардани мева вақти сохтани чунин корхонаҳо расидааст.

Суханони пири кор инсонро ба андеша мебарад. Дарвоқеъ, ҳар сол боғот бунёд мешавад, аммо корхонаҳои коркарди мева намесозанд. Шукр ки дар ин замони мусоид мардум аз пайи истеҳсол ҳастанд ва афзудани маҳсулот деҳқонон, соҳибкоронро водор мекунад, ки аз пайи беталаф, дар намуд ва шаклҳои гуногун онро ба муштариён расондан шаванд.

- Шакли омода сохтани маҳсулот аз меваҷот бисёр аст,-ба гап ҳамроҳ мешавад собиқадори маориф, яке аз ҷоннисорони соҳа Убайдулло Саъдуллоев,-бо тарзи афшурда, шарбат, консерва, қимма ва ҳатто талқон ба фурӯш баровардан мумкин. Ҳанӯз маззаю лаззати талқони аз себҳои афтида тайёр кардаи бибиҳоямон, ки зимистонҳо болои сандалӣ паҳн карда мешуд, аз даҳонамон нарафтааст.

Баъди суҳбату вохӯрӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сӯйи чархбол роҳ пеш гирифт, кор бошад дар майдон бо авҷт тамом давом дошт. То намози пешин саҳрои субҳидам пур аз чуқуриро радаҳои зебои гелос пур карданд.

Ҳанӯз фасли зимистон ба охир нарасида, ҳавои баҳорӣ дар саҳрои гулафшони дараи Алмосӣ нафаси гарми боғи навро паҳн мекард.
Султонмуроди Одина
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: