Роҳхати ду варзишгари дигари тоҷик ба Олимпиадаи Бразилия6-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шуданд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF).
Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи ин созмони байналмилалӣ нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 ҷудочии ҷаҳон дар мақоми 11-ум қарор дорад. Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ дар вазни беш аз 100 кило дар байни 188 нафар дар зинаи 48-ум ҷой гирифтааст. Ӯ бо саҳмияи қитъавӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудааст. Ёдовар мешавем, дар байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатро ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 гурзандози машҳур Дилшод Назаров ба даст овардааст. Ҳамин тариқ то имрӯз се варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи навбатӣ мушарраф шудаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.