Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Варзиши аспсаворӣ ривоҷ мехоҳад

Варзиши аспсаворӣ ривоҷ мехоҳад

3-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Варзиши аспсаворӣ ривоҷ мехоҳадАсп дар фарҳанги ҷаҳонӣ мақоми хосаеро ишғол мекунад. Аз ин рӯ, мардуми миллатҳои гуногун мувофиқи шугуну бовариҳояшон нисбат ба асп этиқодҳои мухталиферо дар фарҳангашон инъикос мекунанд. Аз қадим дар байни халқиятҳо асп ҳамчун ҷонвари бофаросат, дастёри беминнат, ёвари мушфиқ ва номбардор маҳсуб мешавад. Масалан, дар замонҳои пеш дар Амрико,вақте ки соҳиби асп мемурд, аспашро низ ҳамроҳи ӯ ба хок месупурданд. Вале бо мурури замон фаҳмиданд, ки ин одот хароҷоти зиёдеро ба бор оварда, ба иқтисодиёт латма задаст, аз байн бардошта мешавад. Шоирону нависандагон ҳангоми офаридани ҳамосаҳо ва эпосҳо, умуман, асарҳои бузурги хеш ҳатман аз иштироки асп ҳамчун қаҳрамони мусбат истифода мекунанд. Ин ақидаҳо чӣ дар осори мардуми Ғарб ва чӣ дар осори мардуми Шарқ баръало намоён аст. Намунаи хоси ин гуфтаҳо асарҳои машҳуре чун «Савораи бесар»-и Мейн Рид, ки аз вафодориву дилсӯзии асп қисса мекунад, ё худ шоири забардасти форсу тоҷик, Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и хеш аз зиракиву чолокии Рахши Рустам тавсиф карда, он чун ҳайвони бофаросат гаштаву баргашта сутуда мешавад. Вафодории Рахшро Фирдавсӣ ба андозае самимона тасвир кардааст, ки хонандаро мафтун месозад. Масалан, саҳнае, ки Рустам ба хоби паҳлавонӣ рафтаву душманон дар қасди ҷонаш ҳастанд, Рахш буд, кибо шиҳаи пуртаҳлукааш ӯро аз хоби гарон бедор менамояд, хеле ҳассос ба қалам дода шудаст.. Ин гуна қисаҳои гуногун дар бораи асп дар фарҳанги халқи кишварҳои гуногун хеле зиёд ба назар мерасад, ки аз муҳаббати инсонҳои тамоми дунё ба ин ҷонвари зебо дарак медиҳад.

Дар адабиёти илмӣ ин омил ҳамчун «тотемизм» маълуму машҳур буда, мувофиқи ин истилоҳ эътиқод, асотир ва расму оинҳои авлодию қабилавии инсонҳо ба тотемаҳо вобастагӣ дорад. Ҳар як қавм ё авлод тотеми хос (як намуд ҳайвонот ё растанӣ гоҳо падидаи табиӣ ё ашёи беҷон)-и худро дошт. Ҳамин тавр муҳаббати тоҷикон низ ба асп аз бозмондаи ақидаи тотемизм (ҷонварпарастӣ) мебошад, ки дар байни аҷдодони мо то замоне расм будааст. Ин аст, ки шояд то ҳол дар баъзе минтақаҳо мардум аз истеъмоли гӯшти асп худдорӣ менамоянд ва аспро ҳамчун ҷонвари муқаддас мешуморанд.

Ин гуфтаҳо шояд ҳоло барои баъзе ашхос чун афсона ва ё ривоят намудор гардад, вале асли воқеият ин таҷрибаи чандинсолаи одамон аст, ки ҳанӯз ҳам мегӯянд. Чунончӣ, дар харсавориву аспсаворӣ одамон ба хулосае омаданд, ки ҳангоми ғалтидан аз хар шахс ҳатман ягон зарбаи ҷисмонӣ бардоштанаш мумкин ва ё худи хар метавонад аз ин фурсат истифода бурда, саворашро таги по карда гурезад. Вале баръакс,вақтеки шахс аз асп сарозер мешавад, кам лаҳзае мешавад, ки ягон ҷояш латма хӯрад, ҳатто худи асп аз ғалтидани соҳибаш пай мебарад ва дар ҷояш меистад, то ба ҷони ӯ хатаре эҷод накунад. Ин аст, зиракӣ ва доноии асп, ки ба ҳамагон маълуму аён аст.

Акнун бигзарем аз ҳамаи ин ва мақсади асосиро пайгирӣ мекунем. Чаро имрӯзҳо дар байни мардҳо касалии чун простатит,безурётӣ, адинома ва ғайраҳо рӯ ба инкишоф аст? Чаро мардҳо пештар ба ин гуна касалиҳо дучор намешуданд ва ё бобоён бобокалонони мо аз ин касалӣ ҳатто хабаре надоштанд? Ин саволҳо шояд имрӯз зеҳни чандин нафарро таҳрик медиҳад. Яке аз сабабҳои ба ин намуди беморӣ дучор нашудани гузаштагони мо, маҳз аспсавории онҳо буд. Он замон ҳангоми рафтан аз як деҳа ба деҳаи дигар ё аз як ноҳия ба ноҳияи дигар онҳо аз асп истифода мекарданд. Асп барои онҳо ҳамчун нақлиёти беминнат хизмат мекард ва ҳам ба саломатии онҳо саломатии дигаре зам мешуд. На бӯйи бензин ва на садои муҳаррик асабҳои онҳоро хаставу афгор намекард. Вале, мутаассифона имрӯз мардум ҳатто як қадами он сӯтарро ҳам бе мошин намегузорад. Ҳама савори мошинҳо-хабаргирии хешу табор, туйи дӯстон, рафтан аз як деҳа ба деҳаи дигар агар масофаи кӯтоҳе ҳам дар байн мавҷуд бошад, бидуни нақлиёт «ғайриимкон» аст. Дуруст аст, ки ҳама чизро мувофиқи давру замонаш бояд ба кор бурд, вале на зиёдтар аз андозаи даркорӣ, ки зарар ба саломатии инсон бошад. Масалан, онҳое, ки ба кори фикрӣ машғул ҳастанд ва аз саҳар то бегоҳ дар болои миз мешинанд ва гузашта аз ҳамаи ин боз аз коргоҳ то хона савори мошин мераванд, беибо ба касалиҳои дар боло зикршуда дучор хоҳанд шуд. Бинобар ин онҳое, ки намехоҳанд ба ин касалӣ дучор шаванд, ба варзиши аспсаворӣ машғул шуданашон лозим аст. Ва ё мувофиқи ақидаи олимони соҳаи тиб нафароне, ки тоза ба бемории простатит дучор шудаанд агар дар як рӯз чанд километр роҳро бо асп тай кунанд, боиси аз байн рафтани он хоҳад шуд. Ҳамин тавр, ба хулосае омадан мумкин аст, ки агар варзиши аспронӣ низ дар кишвари мо хуб ба роҳ монда шавад, хеле ба мавқеъ хоҳад буд. Зеро аспсаворӣ ва аспронӣ рӯҳи одамро болида мегардонад. Гарчанде ки дар байни шаҳр рондани асп ба қавле аз этикети шаҳрнишинӣ дур бошад, вале онҳое, ки муддатҳо дар корхонаҳояшон болои курсӣ нишаста ва баъд аз он савори мошинҳо ба хонаашон раҳсипор мегарданд, метавонанд пас аз «нишастан»-ҳои тӯлонӣ ба аспсаворӣ машғул шаванд. Ин ба саломатии онҳо, махсусан, мардҳо хеле лозим ва муфид аст. Аллбата, нақлиёт кори одамонро хеле осон кард, вале ба саломатии онҳо зарари зиёде ҳам ворид сохт. Ҳароина аспсаворӣ беҳтарин воситаест, ки шахсони аз хастагии асаб ва умуман хастагии ҷисмонӣ рӯҳафтодашударо метавонад дар як лаҳза рӯҳбаланд созад. Яъне аспронӣ ва аспсаворӣ метавонад боиси ҷасорат ва далериву шуҷоъии одамон гардад. Беҳуда нест, дар урфу одатҳои мардумони гуногун асп чун ҷонвари ғайримуқаррарӣ буда, чун ҳайвони зираку ҳушёр ва беозору фармонбардор тасвир шудааст. Дар таърих ягон шоҳ, амир ва ё императоре набудааст, ки бе асп бошад. Ва ин одат то ба имрӯз омада расидааст. Инкишоф додани варзиши аспронӣнатанҳо ба саломатии одамон муфид аст, балки аз пойдор кардани фарҳанги пешдодиёнамон дарак медиҳад. Бозиҳои гуногуни миллиамон маҳз бо аспрониву асптозӣ суръат мегиранд. Ба монанди чавгонбозӣ, ки бозии хоси миллати тоҷик аст, гарчанде ки имрӯзҳо баҳси зиёде дар бораи тааллуқ доштани он ба кадом миллат ба миён омадааст. Бояд кӯшиш кунем то бозиҳои варзишие, ки хоси фарҳангу одатҳои мо ҳастанд, фаромӯш насохта барои инкишофи он дар байни мардум шароити мусоидро фароҳам орем.Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор аст, бозиҳое, ки аз бозиҳои қадими мардуми мо маҳсуб мешавад, дар байни варзишгарони ҷавон талқин кунанд, то мардум тавонанд аз бозиҳои миллии хеш ба пуррагӣ огоҳӣ пайдо кунанд. Оре, мо бояд нагузорем, ки ин гуна бозиҳои аҷдодии моро дигарон соҳиб шаванд ва бо ифтихор гуфта тавонем, ки он хоси миллат ва мардуми мост!
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: