Мулоқот бо Пешвои миллат бароям фаромӯшношуданист2-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 300 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳама баромадҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун ояндаи миллат меноманд ва ҳамавақт дастгирии худро барои ҷавонон дареғ намедоранд. Далели гуфтаҳои боло он буд, ки банда аз ин ғамхориву меҳрубони бевосита баҳраманд ҳастам. Ин аст, ки баъди бо баҳои аъло ба итмом расонидани макотиб ба донишгоҳ тибқи Квотаи Президенти дохил шудам ва онро бомуваффақият ба итмом расонидам. Хабари ба табъ расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 оиди таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хеле хуш пазируфта будам. Барои банда боиси ифтихор аст, ки дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27 майи соли равон баргузор гашт, иштирок намудам.
Мо ҷавонон бе ягон муболиға ҳамарӯза дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос мекунем. Ин буд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Зимни суханронии хеш, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштан, ки ҳадафи асосии Шӯро мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта, муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад. Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи олии эътимоду боварии ва эҳтироми Пешвои миллат ба мо ҷавонон буда, аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки дар самти ободии кишвар корҳоро вусъат бахшем. Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон ягона давлатест дар миқёсӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим, ки кумитаи махсуси кор бо ҷавононро дорад, ки ин нишонаи бевоситаи ғамхории роҳбарияти олии кишвар мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ 87 фоиз ҷавонон хизмат карда истодаанд ва 44 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то синни 35 сола ташкил медиҳад, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инро нокифоя хонда, ҳамаи сохторҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати дастгирӣ ва ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда корҳоро ҷоннок созанд, ки барои мо ҷавонон имконият медиҳад, ки истифода аз ғамхориҳои роҳбарияти кишвар истифода бурда, ба халқу Ватани хеш хизмат намоем. Яке аз хусисиятҳои муҳими ҷаласаи мазкур он буд, ки бо баробари пешравӣ ба камбудиҳои ҷойдошта, низ диққати махсус ҷудо карда шуд. Пешвои миллат бобати на дар ҳама шаҳру ноҳияҳо будани майдончаи варзишӣ ва ё ҷавобгӯ набудани онҳо ба талаботҳои мавҷуда, ҷиноятсодиркунии наврасон ва ҷавонон, шомил шудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ суханронӣ намуда, ҳамагонро даъват намуданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд. Бобати дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гӯем соатҳои кам аст, як чизро ҳамчун ҷавони даврони истиқлол гуфтаниям, ки ҳар фарди худогоҳу худшинос наметавонад, ин ғамхориву меҳрубониро нодида гирад. Аз ин лиҳоз, бояд ҳар як шаҳрванд хосатан ҷавонон барои боз ҳам баланд гаштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол ҳисси арзандаи худро гузорад. Фирдавс Ҳоҷиев, мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилоти КИВ ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.