Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ғунчаҳои даврони истиқлол

Ғунчаҳои даврони истиқлол

2-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 343 нафар
Назарҳо: 0
Ғунчаҳои даврони истиқлол
Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи ҷашнгирии Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон, мувофиқи дастури Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва нақшаи КИ ҲХДТ аз ҷониби НТҶҶ «Созандагони Ватан»-и н. Деваштич дар муассисаи томактабии №4-и деҳаи Хуштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич чорабинии идона ташкил ва гузаронида шуд.

Кӯдакони хушбахти даврони суботу гул-гулшукуфии Тоҷикистон бо лаҳни ширини худ шеъру таронаҳоро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Истиқлолият суруда, саҳначаҳои ҷолиби диққатро дар мавзӯъҳои «Дифои Ватан» ва «Фарди солим» ба маърази тамошобинон намоиш доданд. Ҳар як ҷумлаву мисраи гуфтаҳояшон, ҳар як назару табассумашон аз зодагони даврони хушиқболӣ дарак медод ва инчунин яке аз нишонаҳои таълиму тарбияи солиму ватанпарастона дар муассиса буда, гувоҳи пиёдасозии сиёсати хирадмандонаю маорифпарварона ва ғамхоронаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар чорабинии мазкур и.в.НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н.Деваштич Сарвар Саидов, сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Содирхон Баҳодуров ва мутахассиси бахши кор бо занони КИ ҲХДТ Нилуфар Носирова ширкат варзиданд. Аз сатҳи баланди омодагию баргузории чорабинии кӯдакон ба мудири муассиса Эъзозхон Раҳмонқулова ва ба кулли мураббиён миннатдорӣ баён гардида, туҳфаҳои КИ ҲХДТ ба ҳамаи тарбиятгирони кӯдакистони мазкур тақдим карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки ҷавонони Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия ҳамасола дар ҳар даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъона ширкат варзида, қарзи фарзандии хешро дар ҳимояти Ватан – Модар сарбаландона иҷро менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: