Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Кӯдакон фардои моянд

Кӯдакон фардои моянд

1-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
Кӯдакон фардои моянд
Ҳамасола ба муносибати Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар тамоми муассисаву ташкилотҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба насли созанда чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву иҷтимоӣ доир мегарданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро фардои ин миллат номида, дастгириву роҳи васеъ кушодан ба илму фанновариҳо барои кӯдаконро рисолати ҳар як шаҳрванд ҳисобидаанд.

Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ мусоидат намудан ба шароиту таҳсили кӯдаконро аз вазифаҳои аслии ҳизбиён шумориданд.

Бо мақсади роҳандозии чунин тадбирҳо имрӯз дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Гулбоғи зиндагӣ» доир шуда, 22 нафар толибилмони ятими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, сари хони густурда ҷамъ карда шуданд.

Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов табрикоти роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба кӯдакон расонида, баён дошт, ки давлату Ҳукумати кишвар ва ҲХДТ ҳеҷ вақт кӯдакони ятимро дар чорсӯи зиндагӣ танҳо намегузорад, балки барои беҳтарсозии шароити таълиму тарбия ва зисти онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Кӯдакон дар васфи Ватан-модар шеърҳо қироат намуданд. Дар қисмати фарҳангӣ суруду рақсҳои дилошӯб аз ҷониби санъаткорони касбӣ иҷро карда шуд. Дар охир аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳар як кӯдакї дар чорабинӣ ширкатдошта, тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳрӣ тақдим карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: