Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Таҳдиди Эрдуғон ба ИА: шартномаи муҳоҷиронро бекор мекунем

Таҳдиди Эрдуғон ба ИА: шартномаи муҳоҷиронро бекор мекунем

31-05-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 390 нафар
Назарҳо: 0
Таҳдиди Эрдуғон ба ИА: шартномаи муҳоҷиронро бекор мекунем
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия иҷрои созишнома бо Иттиҳоди Аврупоро дар мавриди табодули муҳоҷирон бо бекор кардани виза зери шубҳа гузошт.

Зимни суханронӣ дар саммити СММ бахшида ба масоили гуманитарӣ дар Истамбул Эрдуғон гуфт, "Агар виза бекор нашавад, пас порлумони Туркия ҳеч қароре қабул намекунад ва дар доираи созишнома ҳеч қонуне қабул намегардад".

Эрдуғон афзуд, вазирони Туркия "гуфтугӯро бо аврупоиҳо идома медиҳанд". "Агар ин гуфтугӯ натиҷае ба бор орад, хеле хуб. Агар не, хеле бад", - гуфт президенти Туркия. Эрдуғон ҳамчунин гуфт, то кунун Анкара аз Иттиҳоди Аврупо дар доираи созишномаи муҳоҷирон кумаки молӣ дарёфт накардааст.

Тибқи созишномае, ки 18 март имзо шуд, ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонуние, ки тавассути роҳи обӣ ба соҳилҳои Юнон расидаанд, бояд дубора ба Туркия фиристода шаванд. Дар ҳамин ҳол, дар ивази ҳар муҳоҷире, ки аз Юнон ба Туркия баргардонида мешавад, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳар кадоме як муҳоҷири суриягиро, ки дар Туркия паноҳанда шудаанд, мепазирад. Бар зами ин, Брюссел розӣ шуд, то ба Анкара 6 млр евро бидиҳад. Ин маблағ барои таъмини ниёзҳои муҳоҷирон сарф хоҳад шуд, хабар медиҳад Мавҷи Олмон.

Дар ҳоли ҳозир, баргардонидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Юнон ба Туркия дар доираи созишномаҳои дуҷониба сурат мегирад. Эҳтимол меравад, ки шуруъ аз 1 июн ин ҷараён дар доираи созишномаи миёни Иттиҳоди Аврупо ва Туркия оғоз шавад.

Бахши ҷудоинопазири созишномаи Иттиҳоди Аврупо бо Анкара ин бекор кардани виза бо Туркия шуруъ аз июли 2016 аст. Барои ин мақомоти Туркия бояд 72 шартро иҷро мекарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: