СММ созиши ИА ва Туркияро дар масъалаи гурезаҳо танқид кард9-03-2016, 12:07
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
Созиши ибтидоии роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ва Туркия дар мавриди баргардонидани ҳазорон гурезаи кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқо аз Аврупо ба Туркия баҳои манфӣ гирифт.
Бахши муҳоҷирати Созмони Миллали Муттаҳид мегӯяд, ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирон хилофи ҳуқуқи байналмилалист. Роҳбари бахши аврупоии Раёсати комиссари олии СММ дар умури гурезагон Венсан Коштел гуфт, "аз гуфтугӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ хаста шудааст". Вай афзуд, 91 дарсади онҳое, ки ба марзи Юнон ворид шудаанд - шаҳрвандони кишварҳои ҷангзадае, ба монанди Ироқ, Сурия ва Афғонистон ҳастанд. Созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International низ созишномаи Брюсел ва Анкараро танқид кард. Ба бовари ин созмон, ҷонибҳо то сатҳи тиҷорати хурду беинсофона паст омадаанд, ки бо ҳуқуқ ва шарафи одамони мӯҳтоҷ робитае надорад, Созиши ибтидоӣ, ки ба кам кардани теъдоди рекордии муҳоҷирон дар Аврупо равона шудааст, дар саммити Иттиҳоди Аврупо бо Туркия рӯзи 7 март ҳосил гардид. Роҳбарони аврупоӣ розӣ шуданд, ки пуштибонии молии Туркияро бештар кунанд ва барои шаҳрвандони ин кишвар низоми бе раводидро ҷорӣ намоянд. Дар иваз Туркия муҳоҷирони ғайриқонунии Аврупоро хоҳад пазируфт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.