"Чаҳоргона" пулисҳои САҲА-ро ба Донбасс мефиристад28-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
Раҳбарони Олмон, Русия, Украина ва Фаронса дар як суҳбати телефонии ба истилоҳ дар "формати нормандӣ" ҳимояташонро аз ҷойгиркунии пулисҳои нозири САҲА дар Донбасс ва оғози машваратҳо дар ин бора баён кардаанд.
Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Украина хабар дода, гуфтааст, Ангела Меркел, Франсуа Олланд, Петр Порошенко ва Владимир Путин розӣ шудаанд, ки барои идомаи муколамаи сиёсӣ бояд даргириҳо пурра қатъу қарордоди Минск риоя шавад. Порошенко гуфтааст, ки барои ин кор Русия бояд низомиёни худро аз минтақаҳои ғасбшудаи Украина берун бурда, ба ин ҷойҳо силоҳу нерӯ нафиристад. Вай инчунин ба зарурати барқарории назорат дар марзи кишвараш бо Русия таъкид кардааст. Президенти Украина дар ҷараёни суҳбаташ аз ҷониби Русия низ хостааст, тамоми гаравгонҳои украинию маҳбусони сиёсиро озод намуда, ба поймолшавии ҳуқуқи тоторҳои Қрими ғасбшуда хотима бахшад. Тавре Хадамоти матбуотии Кремл хабар медиҳад, Путин ба қатъи тирборон шудани минтақаҳои аҳолинишини Донбасс аз ҷониби низомиёни Украина даъват карда, гуфтааст, унсури калидӣ дар ҳалли низоъ бояд муколамаи бевоситаи Киев бо Донетску Луганск бошад. Дар ҷараёни ин суҳбат инчунин амнияти баргузории интихоботи маҳаллӣ дар баъзе аз ноҳияҳои Луганску Донетск дар асоси қонунгузории Украина ва меъёрҳои САҲА баррасӣ шудааст. Раҳбарони "чаҳоргонаи нормандӣ" ба ҷуз аз вазъи ҷанубу шарқи Украина дар бораи баъзе аз паҳлуҳои вазъи Сурия ҳам суҳбат кардаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.