Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷаъфарӣ: ҷангиён дар Сурия бо нишондоди Арабистони Саудӣ, Туркия ва Қатар амал мекунанд

Ҷаъфарӣ: ҷангиён дар Сурия бо нишондоди Арабистони Саудӣ, Туркия ва Қатар амал мекунанд

25-05-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Ҷаъфарӣ: ҷангиён дар Сурия бо нишондоди  Арабистони Саудӣ, Туркия ва Қатар амал мекунанд
Ҷангиёни гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» ва «Аҳрор-уш-Шом» дар Сурия бо дастури режимҳои бунёдгарои Арабистони Саудӣ, Туркия ва Қатар амал мекунанд. Дар ин бора намояндаи доимии Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид Башар Ҷаъфарӣ изҳорот додааст.

12 майи соли 2016 террористони «Ҷабҳат ан-Нусра» ва «Аҳрор-уш-Шом» ба минтақаи аҳолинишини Зараи музофоти Ҳама ҳамла оварда, теъдоди зиёди занонро дуздида ба қатл расондаанд. Дар ин бора Ҷаноби Ҷаъфарӣ дар мактуби худ ба Котиби генералӣ ва Раиси Шӯрои амнияти СММ маълумот дода, навиштааст, ки тибқи маълумотҳои мухталиф онҳо аз 70 то 100 нафарро қурбон кардаанд. Ин гурӯҳҳои мусаллаҳро «баъзе давлатҳои ғарбӣ ва кишварҳои дигар «муътадил» унвон мекунанд», қайд кардааст Ҷаъфарӣ.

Қаблан хабар дода буданд, ки Русия ба Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ дар бораи ба рӯйхати таҳримии Сурия дохил намудани гурӯҳҳои «Аҳрор-аш-Шам» ва «Ҷайш-ул-ислом» дархост пешниҳод карда буд, аммо ин пешниҳод нагузашт. Дар Шӯрои амнияти СММ ба ин дархост ИМА, Фаронса, Британияи Кабир ва Украина зид баромада буданд.

Ба фикри Ҷаъфарӣ ин кишварҳо «ҷиноятҳои ташкилотҳои террористии мазкурро нодида мегиранд ва онҳоро ҳавасманд мегардонанд».

Гузашта аз ин, намояндаи Сурия дар СММ қайд кардааст, ки мақсади ҳамлаҳо ба Зара ҳамин аст, ки гуфтушуниди Женева оид ба рафъи моҷароҳо дар мамлакат барҳам зада шавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: