Президенти Қирғизистон барои таҳкими марз дастур дод25-05-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон сардори ситоди кулли нерӯҳои низомии ин кишвар Раимберди Дуйшенбиевро ба ҳузур пазируфтааст, хабар медиҳад маркази матбуотии Отамбоев.
Дуйшенбиев дар бораи омодагии нерӯҳои низомии Қирғизистон ва афзудани чораҳои амниятӣ ба президент гузориш додааст. Отамбоев гуфтааст, ки ситоди кулл то кунун таъсиси сохтори феълии нерӯҳои низомии кишварро, ки ба хатарҳо ва вазифаҳои мавҷуда посухгӯ бошад, ба анҷом нарасонидааст. Бояд таҳкими марз ва иқтидори дифоии кишвар тамдид шавад, гуфтааст Отамбоев. Ин нахустин мулоқоти президенти Қирғизистон бо сардори нави ситоди кулли нерӯҳои низомии ин кишвар аст. Дуйшанбиев моҳи май ба ин мақом таъйин шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.