Нигарониҳо аз афзоиши даргириҳо дар шоҳроҳе Бағлон-Мазори Шариф19-05-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 167 нафар
Назарҳо: 0
Ин рӯзҳо даргириҳо дар атрофи шоҳроҳе Бағлон – Мазори Шариф нигарониҳоиро миёни мусофирон ва ронандагони, ки аз ин шоҳроҳ рафтуомад мекунанд, ба бор овардааст.
Ин ронандагон мегӯянд, ки дар бахши Чашмаи Шер ҷанг ҷараён дорад ва мардум камтар рафту омад мекунанд. Онхо мегӯянд, ки набуди амният дар ин шоҳроҳ, онхоро бо мушкилоти бисёр рӯ ба рӯ кардааст. Ҳол Мухаммад, ронанда мегӯяд: «Мо аз ҳукумат мехоҳем, ки амнияти шоҳроҳро таъмин кунад то мардум бо роҳат рафту омад кунанд». Ронандагон ва мусофироне, ки аз ин роҳ рафту омад доранд, аз ниҳодҳои масъул мехоҳанд то амнияти шоҳроҳҳоро ба гунаи комил таъмин кунанд, то мусофирон, бетарсу ҳарос ба корҳои рӯзмараашон расанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.