Чаро Мона Лиза мӯйлаб надорад?18-05-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
Агар ба акси машҳури Ҷаконда бодиққат назар дӯзем, мебинем, ки он мӯйлаб надорад. Дар хусуси набудани муйлаб дар ин расми машҳури Леонардо да Винчи фарзу тахминҳои зиёде мавҷуд мебошанд. Асоси ҳамаи ин талошҳо ба як суол хотима меёфт. Чаро Мона Лиза мӯйлаб надорад? Ҳатто фарзияҳое пешниҳод гардиданд, ки акси ин мусаввара бонуи мариз аст.
Муҳандиси порижӣ бо фамилияи аҷиби Кот назди худ мақсад гузошт, ки сирри ин муамморо дарёбад. Ба муҳандис Кот лозим омад, ки пас аз се ҳазор соати омӯхтани сканнограммаи рақамии ин портрети мутааллиқ ба асри 16 ҷавоби суоли худ ва ҳазорон нафари дигарро пайдо кунад. Камераи дақиқи Кот дар ҳудуди болои лаб ва миҷгонҳои акс тасвирҳои хираи рангро пайхас намуд, ки он замон Леонардо да Винчи дар нахуст ба ин бонуи тоҷири флорентӣ наққошӣ карда буд. Бино ба даъвои Кот бо даргузашти солҳои тӯлонӣ ё ин хатҳои мӯйлабу мижгон тоза шуданд ва ё дар вақти барқароркунии беэҳтиётонаи расм он аз назарҳо нопадид гардидааст. Б.Маъруф |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.