Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Дави миллӣ

18-05-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Дави миллӣ
Рӯзи дави миллӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол якшанбеи севвуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи кишварамон доир мегардад.

Бо ин мақсад, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии минтақаи Кӯлоб санаи 15.05.2016 чорабини марбут ба Рӯзи дави миллӣ бо парчам ва нишонаи ҳизбӣ доир намуд, ки дар он афроди касбу кори гуногун ва ихтиёриён бо теъдоди зиёда аз 2000 нафар фаъолона ширкат варзиданд.

Дави миллӣ дар шаҳри Кӯлоб аз назди боғи ба номи Исмоили Сомонӣ шӯруъ шуда, дар назди Мақомомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба анҷом расид.

Ихтиёриён дар ин пойга зиёда аз 3-5 километрро тай карда, ба ин восита тавонистанд нишон диҳанд, ки бо варзиш машғул шудан ин гарави тансиҳатӣ, нигоҳи нек ба зиндагию одамон ва рафтори намунавӣ дар ҷамъият мебошад ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб кушиш менамояд, ки то дар масъалаи арзёбии инкишофи ҷомеа ва оммавигардонии варзиш саҳми босазо гузорад.

Дар охир иштирокчиёни фаъоли пойга бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: