Шаҳри Бехатар17-05-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 346 нафар
Назарҳо: 0
Соли 2013-ум ҷиҳати муҷаҳҳаз гардонидани роҳҳои нақлиётгард ва кӯчаю гулгаштҳои пойтахт бо камераҳои назоратӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷуҳурӣ Лоиҳаи иневатсионии «Шаҳри бехатар» қабул карда шуд. Ҳамин тавр камераҳои назоратӣ дар ҷойҳои муаяйншуда, аз ҷониби мутахассисони дохил ва хориҷи кишвар дар муддати на он қадар дароз насб гардида, якуми ноябри соли 2013 ба фаъолият шуруъ намуданд, ки хароҷоти он ба 22-млн доллари Амрикоӣ рост омад.
Вайрон намудани қойидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт амалӣ мегарданд, тавассути камераҳои назоратӣ сари вақт ошкору пешгирӣ карда мешаванд. Нисбати он нафароне, ки аз талаботҳои ҳаракат дар роҳ саркашӣ мекунанд, мутобиқ ба моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримаи муаяйн шуда ситонида мешавад. Иддае аз ронандагон, ки нахостанд мо онҳоро ба навор гирем бар он назаранд, ки бархе нафарон ба истилоҳ «Тағодорон» маблағҳоеро, ки барои қойдавайронкунии онҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳ зам шудааст, бо фоизи паст пардохт менамояд, ки онҳам бошад на ба буҷаи давлат, балки ба буҷаи шахсии масъулони “Шаҳри бехатар” ворид мешавад. Ин андешаи ботил аст, зеро барои дар амал мавриди санҷиш қарор додани ҳар як қойдавайронкунии ҳаракат дар роҳ ва назорати пайвастаи онҳо дар «Шаҳри бехатар»-и ВКД Комиссияҳои махсуси Ҳукумати Ҷумҳурӣ Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ва ҳангоми сабти вайронкунии қойидаҳои ҳаракат дар роҳ ин Комиссияи босалоҳият санҷишу омӯзишҳои ҷиддиро ба роҳ мемонад. Масъулин иттилоъ медиҳанд, ки аз 855 адад камераҳои дар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ба қайд гирифта шуда, то кунун наздик ба 500 адади он ба марказ пайваст буда, бо маром фаъолият доранд. Камераҳои назорати Политсияи электронӣ, ки то имрӯз аз ҷониби мутахассисон дар 71-чорроҳаи пойтахт насб шудаанд, метавонанд ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба таври низоми худкор назорат намоянд. Дар кӯчаю гулгаштҳо бошад наздик ба 200 адад камераҳои даврзананда насб карда шудааст, ки ҳадаф аз он назорати пайвастаи шаҳрвандон ва ҳифзу нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ арзёбӣ карда мешавад. Зеро бешубҳа метавон гуфт, ки нақши камераҳои назоратӣ дар баробари сабти қойдаваронкунии ронандагон, дар ошкору муаян намудани падидаҳои номатлуби ҷомеа низ назаррас мебошад. Масалан аз аввали соли 2015 то имрӯз беш аз 10 - ҳазор далели вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора 8705 далел оид ба савдои кӯчагӣ, 1163 далели муайян намудани шахсияти одамон, зиёда аз 280 далели дар ҳолати мастӣ қарор доштани роҳгузарон, 960 далел оид ба оворагардии ноболиғону ҷавонон, ки хилофи талаботҳои қонуни ҶТ дар бораи масъулити падару модар мебошад ва дигар намуд ҳаракатҳое, ки дар суботу оромӣ ва тартибу низоми ҷомеа халал ворид месозанд сабту ошкор шуда, барои пешгирӣ ва бартараф сохтани чунин камбудию норасоиҳо тавассути воситаҳои алоқа ба қисмҳои навбатдории ШВКД хабар расонида шудааст. Оид ба соҳаи роҳу нақлиёт бошад, масъулони «Шаҳри бехатар» иттилоъ медиҳанд, ки тавасути камераҳои назоратӣ аз якуми ноябри соли 2013-ум то 30-юми марти соли 2016 490ҳ 899 далели вайрон намудани қойидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт карда шудааст, ки аз ин шумора 3890 далел ба ба семоҳи аввали соли 2016 рост меояд. Нисбати ин нафарон бошад аз тарафи шахсони муттасадӣ амрномаҳо тартиб дода шуда, маблағи ҷаримаи онҳо ба хазинаи давлат ворид мегарданд. Масъалаи дигаре, ки имрӯз боиси нигаронии ронандагони воситаҳои нақлиёт гаштааст, сари вақт огоҳ накардани онҳо аз қойидавайронкунии ҳаракат дар роҳ мебошад. Илова бар ин ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд тавассути терминалҳои дар роҳ буда рақамҳои нақлиёти хешро тафтиш намуда, аз ҷарима доштан ё тоза будани он сари вақт воқиф гарданд. Т.Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.