Қатъи муваққатии парвандаи Гулнора Каримова дар Амрико16-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Додгоҳи федеролии ҳавзаи ҷанубии шаҳри Ню-Йорки Амрико таҳқиқи парвандаи 850 миллион доллар ришваи гӯё марбут ба Гулнора Каримова ва наздиконашро муваққатан боздошт.
Танаффус дар таҳқиқи парванда бо дархости мақомоти ИМА ва Ӯзбекистон эълон шуд, то ду кишвар тавонанд, сарнавишти садҳои миллион доллари суратҳисобҳои бонкиро бе муҳокимаи додгоҳӣ ҳал кунанд. Сухан аз 850 миллион доллари ИМА меравад, ки 550 миллиони он дар Швейтсария ва 300 миллиони дигар дар ИМА, Ирландия, Люксембург ва Белгия нигаҳдорӣ мешаванд. Ин пулҳо гӯё ба духтари калонии Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон дахл доранд. Барои баргардонидани пулҳо мақомоти Ӯзбекистон ширкати вакилони дифоъ Holwell Shuster&Goldberg - ро киро карданд. Вакилони ин ширкат мактуберо бо имзои вазири адлияи Ӯзбекистон ба додгоҳ расонидаанд. Дар мактуб гуфта шудааст, ки 850 миллион доллари ИМА ба Ӯзбекистон тааллуқ доранд ва кишвар бевосита қурбони амалҳои ҷиноятии бархе аз соҳибкорон шудааст. Аммо дар ин мактуб номи Гулнора Каримов зикр намешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.