Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зарари сел ба 1 146 хона дар ноҳияи Рӯдакӣ

Зарари сел ба 1 146 хона дар ноҳияи Рӯдакӣ

12-05-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 312 нафар
Назарҳо: 0
Зарари сел ба 1 146 хона дар ноҳияи РӯдакӣКумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаби гузашта, бар асари боришоти аз меъёр зиёди борон сатҳи оби дарёи Элок баланд гардида, дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ деҳаҳои Адолат, Файзоба, Садоқат, Комсомол-1 ва Комсомол-2, сел омада, тақрибан ба 1 ҳазору 146 хонаи истиқоматии деҳоти мазкур зарар расондааст.

Ориф Нозимов, сухангуи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, феълан барои бартараф кардани ҳолати баамаломада ва кӯмак ба оилаҳои зарардида, дастаҳои наҷотдиҳӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумита, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумита дар гарнизони Душанбе, дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд. Хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ин ҳам дар холест, ки чанд тан аз сокинони Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ ба сомонаи «Хамсафон» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи боронгарии дишаба ба манзили онҳо низ селоба даромадааст.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, чанд рузи охир аз сафар ба манотиқи осебпазир ва хавфнок худдорӣ кунанд.

Ба иттилои манбаъ, шаби 9 май бар асари ҷорӣ шудани сел дар навоҳии Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд се нафар ҳалок шуда ва ба ин ноҳияҳо хисороти ҷиддӣ ворид шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: