Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Коре бо таҳсин ва хайре ибрат бин

Коре бо таҳсин ва хайре ибрат бин

12-05-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Коре бо таҳсин ва хайре ибрат бин
Бахшида ба 71-уми солгарди таҷлили Рӯзи Ғалаба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо сарварии Раиси Кумита Ҷамшед Саидов ба дидорбинии сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт, маҳаллаи «Наврӯз» Ороста Назарова, ки шавҳараш иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст, рафтанд.

Дар ин боздид Ҷамшед Саидовро Заррина Зуҳурова, мудири шуъбаи кор бо занон ва бонувон ва Қунбонгул Қурбонмамадова, мудири шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд. Бояд ёдрас кард, ки дар ин асно ба аҳли байти иштирокчии ҶБВ маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орд, шакар, равған, биринҷ ва дар шакли молиявӣ кумак расонида шуд. Баъд аз ин, миёни кормандони ҳизб ва оилаи манзур суҳбати хубу хотирмон сурат гирифт. Дар охир ин зани рӯзгордида ба хотири боз ҳам ободу зебо гаштани Ватани азизамон даст ба дуо бардошта, аз Худованд талаби сулҳу субот ва хотирҷамъии мардуми сарзаминамонро кард.

Сипас, масъулин ба маҳаллаи «Фирӯз»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба дидорбинии Мисқо Ҳамдамова, ки дар дар ҶБВ дар ақибгоҳ иштирок доштааст, равон гаштанд. Зани рӯзгордида меҳмононро тоҷикона истиқбол карда, ба хонаи худ таклиф намуд. Дар манзили ин зани 86-сола суҳбати хотирмони ҳизбиён бо Мисқо Ҳамдамова доир гардид. Дар ин миён раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Умринисо Казакова низ ҳузур дошт. Дар охир ин зан-модар барои ғамхориҳо ба масъулин изҳори сипос намуда, таманнои шукуфоӣ ва ободии Тоҷикистони азизро кард. Бояд гуфт, ки ба ин зан ҳам имдодҳои пулию молиявӣ расонида шуд. Дар маҷмӯъ, иқдоми нек аст, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар арафаи идҳои гуногун ба шахсони ниёзманд дасти мадад дароз намуда, ниёзмандонро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ менамоянд.
Ш. Олимӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: