Вохӯрӣ бо донишҷӯён12-05-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Гуруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар бо донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ оид ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот 30 нафар донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ бо хоҳиши худ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гардиданд. Донишҷӯён қайд карданд, ки рӯзи 22 майи соли 2016 дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок намуда, барои рушду нумуи кишвари азиз ва ояндаи ҷавонон овоз медиҳанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.