Дар остонаи ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон китоби шоир ва муҳаққиқи таърихи бостон Муҳтарам Ҳотам бо номи «Ҳинди гумшуда» дар нашриёти «Илм» ба табъ расид. Дар ин росто хабарнигори «Ховар» бо муҳаққиқи таърихи қадима роҷеъ ба мӯҳтавои ин асари таърихӣ муҳоварае орост, ки он пешкаши хонандагони нуктасанҷ гардонида мешавад:
«Ховар»: Муҳтарам Ҳотам, ҳадаф аз таълифи китоби «Ҳинди гумшуда» дар чист?
М.Ҳотам: Бояд зикр кард, ки ҳадафи асари мазкур шинохти воқеии таърихи халқамон, баҳои дуруст додан ба тамоми рӯйдодҳо ва паҳлуҳои он мебошад. Дар китоби «Ҳинди гумшуда» доир ба сарзаминҳое, ки дар номаҳои куҳани ориёҳиндӣ «Ригведо», «Маҳабҳарата», «Пурон»-ҳо, «Рамаяна» ва дигар асарҳо зикр гардидаанд, бори нахуст дар ҷуғрофияи нав -шарқи Осиёи Миёна, бахусус минтақаҳои Тоҷикистон, Фарғона, ғарби Чин ва навоҳии атрофашон таҳқиқот сурат гирифтаанд. Инчунин дар китоби «Ҳинди гумшуда» роҷеъ ба сарнавишту маънои чанде аз вожаҳо таълифот пешниҳод гардидааст. Дар маҷмӯъ асари «Ҳинди гумшуда» дар бораи муштаракоти таърихии қавмиву забонӣ, фарҳангиву ҷуғрофии тоҷикону ориёҳиндуҳо, ки бе сукунати ҳамҷояи аҷдоди дури ин халқҳо вуҷуд дошта наметавонист, сухан меравад.
«Ховар»: Дар китоб мақолаҳое ҷо дода шудаанд, ки аз таърихи бостонии Ҳисор нақл менамоянд, ба мисли «Ҳисор дар бомдоди таърих», «Сумана, Ҳисори шодмон», «Гуманизм ва Ҳисори шодмон». Бигӯед, ки дар таълифи ин асар бештар ба кадом сарчашмаҳо рӯ овардед?
М.Ҳотам: Бояд зикр кард, ки сарзамини Ҳисор мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон таърихи бостонӣ дорад. Мутаассифона, то имрӯз тамоми паҳлуҳои ин таърих ошкор нагардидааст. Ҳанӯз ҳам таҳқиқоту пажӯҳишҳое дар пеш ҳастанд ва бояд амалӣ гарданд. Мо вақте ба таърих менигарем, мебинем, ки доир ба таърихи тоҷикон ва дигар минтақаҳою халқҳо ифодаҳои асри санг, биринҷӣ, асри оҳанро истифода мебаранд. Аммо бояд дар назар дошт, ки дар асри санг низ инсонҳо буданд, ки забон, асотир, таърих ва тамаддуни хоси замони худро доштанд. Имрӯз аксаран олимони мо инро ба назар намегиранд ва асри сангро асри он олоте мегӯянд, ки одамон истифода мебурданд. Вале, дар баробари олоти сангӣ онҳо навиштаҳо, асотиру афсона ҳам доштанд, ки қисмате аз навиштаҳою ёддоштҳои он мардум то ба замони расидаанд. То ҷое мусаллам аст, мо таъриху фарҳанги худро аксаран аз «Авесто» гӯё оғоз мекарда бошем, аммо ин тавр нест. То замони «Авесто» мо таъриху тамаддун ва асотиру китобҳо доштем. «Авесто» наметавонист дар заминаи холӣ ба вуҷуд ояд. Як заминае буд, ки дар он «Авесто» зуҳур намуд. Чунин замина намебуд, «Авесто» ё дини аҳуроӣ ва ё зардуштӣ ба муқобилияти шадид рӯ ба рӯ намешуд. Тасаввур кунед, ки агар на дин мешуд, на адабиёт, пас чаро дини зардуштӣ ба муқобилият гирифтор шуд. Як заминаи қавӣ буд, ки ба муқобилияти шадид бархӯрд. Ин дин дини ведоӣ буд. Дар он замон қабилаҳои ба истилоҳ ориёҳиндӣ буданд, ки онҳо китобҳои «Ригведо», «Рамаяна», «Маҳабҳарата» ва «Пурон»-ҳо доштанд. Дар китобҳои таърих навишта шудааст, ки ориёҳиндуҳо дар ҳазораи дуюм аз сарзаминҳои Осиёи Миёна ба Ҳиндустони кунунӣ муҳоҷират карданд ва бо худ адабиёти гуногунро бурданд. Дар ин адабиёт дар бораи сарзаминҳои Осиёи Миёна ва дар бораи кӯҳҳою рӯдҳо ва дигар мавзеъҳои ҷуғрофӣ навиштаҳое ба назар мерасанд, ки ин навиштаҳо дар Ҳиндустони кунунӣ пайдо намегарданд. Ҳатто олимони рус ва кишварҳои Аврупо хостанд, ки ҷуғрофиёи «Ригведо» ва «Маҳабҳарата»-ро дар сарзаминҳои Русия ва Аврупо татбиқ кунанд. Аммо дар он ҷо низ на ҳамаи ин сарзаминҳо тасдиқ шуда тавонистанд, зеро ки воқеияти ҷуғрофии асарҳои ориёҳиндӣ танҳо Осиёи Миёна ва мушаххасан сарзаминҳои Тоҷикистону Фарғона ва минтақаҳои атрофи он мебошад.
«Ховар»: Яъне дар таълифи ин китоб шумо ба номаҳои бостонии тибетию ҳиндӣ ва чинӣ такя намудед?
М. Ҳотам: Бале. Бояд зикр кард, ки дар «Ригведо», «Маҳабҳарата», «Пурон»-ҳо ва «Рамаяна» ва дигар асарҳои ориёҳиндӣ 7 сарзамин зикр гардидааст, ки онҳо Ҷамбудвипа, Плакша, Шалмалӣ, Куша, Краунча, Шака, Пушкараанд. Ин ҳафт кишвар сарзаминҳое буданд, ки дар минтақаҳои Осиёи Миёна мавқеият доштанд ва онҳо ба лафзи ориёиҳои қадим двита, яъне қитъа ё ҷазира номида мешуданд ва олимон инҳоро ба сарзаминҳои Австралия, Ҷопон ва Африқо айният доданд. Аммо як чиз ба назар гирифта нашуд, ки то 20-30 ҳазор сол пеш мавқеияти кӯҳҳои Осиёи Миёна тақрибан 800 метр поён ва дар ин сарзаминҳо баҳру кӯлҳо хеле зиёд буданд ва ҳатто олимони Санкт-Петербург чандин маротиба таҳқиқот гузаронида, онро собит намуданд. Яъне, он чи ки ориёҳиндуҳо ҷазираю қитъа мегуфтанд, воқеӣ буд, на асотиру афсона. Аз ҳафт сарзамин яке аз онҳо бо се ном ифода мешавад: Плакша, Гомеда ва Апарагодани, ки ин ба сарзаминҳои кунунии водии Ҳисор нисбат мегирад. Ин сарзамин на танҳо Ҳисори имрӯзаро, балки минтақаҳои Сурхондарё, шимоли Афғонистон то Рашту Хатлонро дар бар мегирифт. Дар ин қитъа- ҷазира номҳое буданд, ки то имрӯз боқӣ мондаанд. Масалан, яке аз ин номҳо Суман аст, ки дар «Пурон»-ҳо борҳо зикр шудааст. Абурайҳони Берунӣ ба Ҳинд сафар карда, чанд муддат дар он ҷо забону адабиёти санскритро омӯхт ва бо номи «Ҳинд» китобе навишт ва дар бораи Сумана чандин лаҳзаҳоро бозгӯ кардааст. Мегӯяд, ки ҳафтумин кишвар буда, Гомеда ё Плакша ном дорад, дар қисмати ғарбии кӯҳи Меру аст (қуллаи Исмоили Сомонӣ). Сумана ин номи кӯҳест ва ин кишвар бо номи ин кӯҳ зикр мегардад. Иқлимаш бисёр хушбоду ҳавост. Як ибораро аз «Пурон»-ҳо» иқтибос мекунад, ки: «ин сарзамин чунон хушбоду ҳаво ва гуворост, ки аҳли биҳишт сари ҳарчанд вақт барои тафреҳ ба ин сарзамин меоянд». Сумана номи кишвар буд. Соли 630 сайёҳ ва зоири чинӣ Сюан Тсзян ба Осиёи Миёна омад ва номи 27 давлатеро, ки дар ин минтақа буд, бо транскрипсияи чинӣ сабт кард, номи Суманро бо номи Шумон зикр намуд. Ин ғалат то имрӯз дар навиштаҳои аксар олимони мо такрор мегардад. Номи аслии ин сарзамин Суман буд, баъдан ба Шумон ва ба Ҳисори Шодмон табдил гардид. Суман даҳ -понздаҳ маъно дорад. Яке аз маъноҳои он «сумана» маниши нек, фикри нек, ақидаи нек, зебо нозананин, дилрабо, номи ҷонвари афсонавӣ, номи якчанд гул- садбарг, гули довудӣ, суман-ёсуман, суманас- хайрхоҳ, озод, гуворо, хуш ва ғайраҳо ифода мешавад. Дар баъзе забонҳои аврупоӣ вожаи гуманизм аст. Ин вожа аслан тоҷикӣ аст ва бо вожаи сумани имрӯза хеле қаробат дорад. Дар як силсила вожаҳои даврони ориёҳиндӣ вожаҳое ҳастанд, ки бо «су» ифода мешуданд. «Су» дар ҳар вожае, ки ҳамроҳ ояд, дараҷаи олии сифати онро нишон медиҳад. Баъдан дар замони ориёэрониҳо вожаи «су» ба «ҳу» табдил гардид. Масалан, Сумана дар забони ориёҳиндӣ Ҳуман ё Ҳумон шуд, ки яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома» Ҳумон аст. Маънояш маниши нек ва нияти нек аст. Ва баъдан вожаи ҳуман дар забони аврупоӣ ба гуманизм табдил гардид ва мо онро башардӯстӣ тарҷума кардаем. Аммо он вожаи кадимии санскритии тоҷикии ориёист. Ҳамин гуна маъноҳои дигари Суман масалан, суманасйа некӯ, шодмон аст. Яке аз маъноҳои Суман шодмон аст, ки имрӯз дар ифодаи Ҳисори шодмон васеъ истифода мешавад. Маънои ин вожа хурсандӣ, болидарӯҳӣ табъи хуш, шодмонӣ аст. Хеле мувофиқ омадааст калимаи суман бо шодмон.
Гомеда номи дигари ин минтақа аст, ки дар асрҳои 10-11 маъмул буд. Дар асарҳои таърихнигорон ба шакли Кумит, Кумито ва Комита боқӣ мондааст. Ин ҳам дар адабиёти ориёҳиндӣ зикр гардида буд. Далели дигари сарзамини ориёҳиндии Гомеда будани водии Ҳисор он аст, ки дар ин ҷо яке аз шоҳони муқтадири сулолаи қамарии Бҳаратиҳо Сомварон-Шамбарон ва писарони вай ҳукмравоӣ кардаанд. Дар замони рӯйдодҳои «Шоҳнома» ва то асрҳои 8-10 яке аз номҳои минтақаи водии Ҳисор Ҳомоварон буд. Далели дигари баргашти Сомварон ба Ҳомоварон он аст, ки номи дигари шоҳ Шамбарон буда, ба эҳтимоли қавӣ деҳаи ҳозираи Ҳисор Шамбарӣ ба номи ӯ тасмия шудааст. Инчунин дар асоси далелҳо гуфта мешавад, ки маркази Ҳомоварон деҳаи Шоҳа аст, ки имрӯз ин деҳаи Шоҳа бо номи Шоҳон дар Ҳисор вуҷуд дорад. Хеле далелҳои равшан аст, ки мо аз онҳо ҳеҷ канораҷӯию баҳонаҷӯи карда наметавонем. Бояд сад дар сад бипазирем, ки он номҳое, ки дар «Шоҳнома» ва дар дигар асарҳо зикр шудаанд, бо номҳои маҳалҳои Ҳисор айният дошта ва як ном ҳастанд.
«Ховар»: Шумо бештар ашъори худро ба васфи водии Ҳисор бахшидаед, сабаб чист?
М.Ҳотам: Вақте мақолае дар бораи Ҳомоварони «Шоҳнома» навишта, дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп кардам, шодравон шоир Собири Шоҳонӣ аз ман хоҳиш карда буд, ки: дар бораи Ҳисор як китоб нависед ва мо чопи онро ба уҳда мегирем. Ман гуфтам ки ин бисёр мушкил аст, зеро мавод кам аст. Шодравон гуфтанд, ки мо бовар дорем, ки шумо аз уҳдаи ин кор мебароед. Агар ин корро анҷом диҳед, мардуми Ҳисор аз шумо бисёр хурсанд мешаванд. Ман бо хоҳиши он кас ба навиштани китоб оғоз кардам. Вақте ки китобро ба анҷом мерасонидам, Собири Шоҳонӣ аз дунё гузашт ва китоб чандин сол чоп нашуда монд.
«Ховар»: Тӯли чанд сол ба навиштани китоб машғул будед?
М. Ҳотам: Дар баробари дигар китобҳоям ман қариб 7 сол дар болои ин китоб кор кардам, зеро мавод доир ба таърихи сеҳазорсолаи Ҳисор кам буд. Аз ин рӯ, ман ба таърих ва сарчашмаҳои тибетию чинӣ ва ҳиндию арабӣ рӯ овардам. Дар ин китоб бисёр далелҳои қотеъ оварда шудаанд. Ҳатто як силсила номҳои деҳаҳоро таҳрир кардам, ки 6-7 ҳазор сол сол пеш номгузорӣ гардидаанд. Дар сарзамини Тоҷикистон то нуфузи дини Ислом чанд дини дигар буд, ба мисли бон ё бонҳо, ведоӣ ё дини бисёрхудоӣ, зардуштӣ, меҳрпарастӣ, баъдан бутпарастӣ. Дар асоси зуҳури ин динҳо номи деҳаҳои Ҳисорро дараҷабандӣ кардам. Вақте номҳои деҳаю маҳалҳои минтақаи Ҳисорро бо дигар номҳои маҳалҳои кишварҳои дунё муқоиса кардам. як чизи аҷоиб пеши назар омад, ки аксарияти номи деҳаҳои Ҳисор дар дигар кишварҳои дунё вуҷуд дорад. Дар Ҳисор мавзее ҳаст бо номи Алмосӣ, ин ном дар Арманистон, дар ғарби Чин бо номи Алмос, ҳатто дар Амрико Лос-Алмос ҳаст, дар Испания ҳам Лос-Алмос вуҷуд дорад. Номи деҳаи дигар дар Ҳисор Ангулӣ аст, ки ин ба маънои ангушт аст. Дар Ҳиндустон. дар Муғулистон, дар шимоли Русия ва Фаронса низ ин номро вомехӯрем. Ё ин ки Аскалон. Аскалон дар Рашт ҳаст - зодгоҳи ман, дар Фарғона, дар Афғонистон, Фаластин, Урдун, аскалониҳо номи тоифае дар Язгулом, тоифае ҳаст дар Италия аз номи кабилаи қадимии ориёиҳо - аскалҳо номгузорӣ шудаанд. Ин тасодуф аст ё ҳамномист. гуфта намешавад.
Дар илми таърихшиносӣ як истилоҳ аст бо номи нахустмеҳани башарият ё нахсутмеҳани ориёиҳо, ки олимон ин нахустмеҳанро дар ҳар ҷои дунё ба таври тахминӣ айният додаанд. Аммо вақте номҳои водии Ҳисорро баррасӣ менамоем, чунин назаре пеш меояд, ки нахустмеҳани башарият дар ин минтақа будааст. Ман дар китоби «Ҳинди гумшуда» назари 40-50 олимро овардаам. Онҳо мегӯянд, ки минтақаҳои атрофи Помир нахустмеҳани башарият буд, зеро бо сабабҳои гуногун аз ин ҷо ба минтақаҳои мухталифи дунё муҳоҷират карданд ва ин номҳоро дубора дар дигар маҳалҳо номгузорӣ намуданд. Далелҳои зиёд дар иртибот ба номҳои маҳалҳо далолат бар он менамоянд, ки он кишварҳое, ки дар асарҳои ориёҳиндӣ зикр шудаанд, дар худи ҳамин минтақа буданд.
Дар мақолаи «Ҳисор дар бомдоди таърих» хулоса кардам, ки тақрибан он сарзаминҳое, ки дар асарҳои қадимии «Ригведо», «Маҳабҳарата» зикр шудаанд, дар худи ҳамин минтақа ҳастанд. Далелҳо чунинанд: Боқӣ мондани номи Гомеда, дар шакли Кумит, Комета то асрҳои 10-11 як далел. Боқӣ мондани номи Сумана ва дар шакли Шумон ва Шодмон то имрӯз. Дар асарҳои ориёҳиндӣ, яке аз кӯҳҳои Ҳисор кӯҳи сиёҳ номида шудааст. Ман тахмин мекунам, ки ин Қаратоғ аст. Номи деҳаи Шаамбарӣ номи шоҳи Сомварон буд, баъдан ба шакли Ҳомоварон баргашт. Ин номҳо дар «Шоҳнома» зикр шудаанд. Дар китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар бораи маданияти Ҳисор сухан меравад ва фарҳанги Ҳисор ба ҳазораҳои 6-7 марбут дониста мешавад. Он чӣ ки дар адабиёти тибетию ҳиндӣ дар ҳазораҳои 6-7 то солшумории мо зикр шудааст, бо маданияти Ҳисор қаробат дорад. Фикр мекунам, ки дар ин ҷо боз ҳам дар оянда пажӯҳишҳои мушаххаси таърихию ковишҳои бостоншиносӣ лозим аст. Мо ба хулосае омадем, ки Ҳисор яке аз сарзаминҳои хеле қадим аст.
«Ховар»: Ғайр аз «Ҳинди гумшуда» боз кадом асарҳои таърихӣ навиштаед?
М.Ҳотам: «Эрони гумшуда» дар бораи татбиқи сарзаминҳои «Авесто» ва «Шоҳнома» дар Осиёи Миёна нақл мекунад. Инчунин китоби дигарам «Тоҷи илоҳии тоҷикон ва русҳо» ба фарҳанги дуюним ҳазор вожаҳои тоҷикию русӣ, ки як реша доранд, бахшида шудааст. Соли 2006 ба ифтихори соли тамаддуни ориёӣ китоби дигарам таҳти унвони «Ориётоҷикон 18 ҳазор сол пеш» мунташир гардид. Дар тӯли фаъолиятам дар Парлумони кишвар (2000-2015) ба ҳайси мудири котиботи Маҷлиси намояндагон китоберо дар бораи 4 ҳазору 280 вакил (1938 то 2010) мунташир намудам.
«Ховар»: Дар чопи «Ҳинди гумшуда» кӣ кумак намуд?
М. Ҳотам: Китоб бо дастгирии яке аз дӯстони гиромиқадр Фатҳулло Раҳмонов-сарвари ширкати «Афсиса» мунташир гардид, ба онҳо арзи сипос баён менамоям, зеро ин китоб аз соли 2006 инҷониб нашри худро интизор буд. Инчунин дар қисмати дуюми «Ҳинди гумшуда» - «Зиҳӣ, Ҳисори шодмон» силсилашеърҳои ба васфи ин водии зарнисор эҷод намудаам гирд оварда шудаанд.Ин китобро ман ҳамчун дастовез ба ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон нашр намудам. Далелҳои дар ин китоб зикргардида, ба санадҳои бештаре аз таърихи тоҷикон шаҳодат медиҳанд, зеро 3000-солагии Ҳисор нишоне аз таърих ва тамаддуни тоҷикон аст.
©Суҳбаторо Марзия Саидзода, хабарнигори АМИТ «Ховар».
©khovar.tj