Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Корея ва рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ

Корея ва рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ

1-04-2016, 16:30
Хабарро хонданд: 336 нафар
Назарҳо: 0
Корея ва рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ
Як мақоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея гуфт, ки кишвараш хоҳони рушди иқтисодиёт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Чеол Мин Пак, мудири бахши Аврупои ВКХ ҶК дар Семинари байналмилалии «Усули вусъат додани ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Душанбе таъкид кард: - Дар шароити тағйирёбии низоми иқтисодии Авруосиё шиносоии имконоти густариши робитаҳо барои рушди ҳамкорӣ, ба хусус иҷрои барномаҳои сармоягузорӣ ҳам ба манфиати Корея ва ҳам тамоми кишварҳои минтақа мебошад.

Вай гуфт:- Мо дақиқ дарк мекунем, ки ин минтақа бо захираҳои ғании обу барқ ва канданиҳои фоиданок заминаҳои муносиб барои сармоягузорӣ ва тавсиаи ҳамкори мутақобилан судманд дар бахшҳои гуногуни иқтисоди калонро дорад.

Мақоми ҶК қайд кард, ки «чунин ҳамкорӣ барои таъмини суботи иқтисодии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам омили зарурӣ аст».

Худойбердӣ Холиқназар, директории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ низ изҳор дошт, ки имкони хубе барои ошноии бо таҷрибаи Корея дар ҷиҳати иҷрои барномаҳои рушди иқтисод фароҳам шудааст. Вай бо ишора ба натиҷаи сафари Пешвои Миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Корея дар соли 2015 таъкид кард, ки нишасти коршиносони масоили иқтисодӣ дар Душанбе дар доираи тавофуқоти ба даст омада дар Сеул роҳандозӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар шароити кунунӣ ҳеч як кишвари ҷаҳон ба танҳоӣ наметавонад ба таври муассир ва густурда рушд кунад, бинобар ин ниёз ба ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо дорад.
Вай қайд кард, кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, дар маҷмӯъ 66 миллион ҷамъият доранд, ки ин як фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, саҳми ин минтақа дар рушди маҳсулоти нохолиси миллӣ фақат 0,5 дарсад аст, ки ин баробар ба 332 миллиард доллар мебошад. Аммо бо вуҷуди ин мутаносибан дар кишварҳои минтақа сатҳи баланди афзоиши аҳолӣ ва рушди ба тадриҷи иқтисодиёт ба мушоҳида мерасад. Вай ҳадафи асосии чунин як семинарро муаррифии заминаҳои сармоягузорӣ, тавсиаи барномаҳои муштараки иқтисодӣ ва таҳияи тавсияҳо барои робитаи бештар байни институт ва марказҳои пажуҳишӣ ба мақсади омода кардани пешниҳод ва тавсияҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ донист.

Семинари номбурда дар доираи Барномаи ҳамкории Корея ва Осиёи Марказӣ бо иштироки коршиносон аз Корея, 5 кишвари Осиёи Марказӣ, инчунин Озарбойҷон, ки низ ин тарҳро пазируфтааст, рӯзи 31 март дар Душанбе баргузор шуд. Институти Корея оид ба сиёсати иқтисодии байналмилалӣ ва Маркази Тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон барои баргузории он саҳм гузоштанд.

Тавре дар суханрониҳо ва гузоришҳои ширкаткунандагон изҳор шуд, Ҷумҳурии Корея дар беш аз 20 соли гузашта робитаи бештареро бо ду
Кишвари Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба роҳ мондааст.

Аз ҷумла дар маҷмӯи умумии тиҷорати хориҷии ин кишвар бо Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон 51,7 дарсад ва Қазоқистон бо 36,8 дарсад дар мақоми якуму дуюм қарор доранд. Бесабаб нест, ки ин кишварҳо ба унвони ду шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Корея дар минтақа шинохта шудаанд.

Эътимод ва истифодаи муносиб аз имконоти мавҷуд будааст, ки маъруфтарин ширкатҳои Ҷумҳурии Корея дар ин ду кишвар корҳонаҳои муштарак ташкил дода, бо истифода аз нерӯи кори арзон ва маҳсулоту захираҳои маъдани ин кишварҳо фаъолияти босамару судманди истеҳсолиро ба роҳ мондаанд.

Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: